Бахшҳо
10 июл 2014 10:40Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

(ВИДЕО) Ҳушдори "Ҷумҳурият" ба Кабирӣ: "Аъмоли ихвониҳо бояд дарси ибрат бошад, то..."

Рӯзномаи “Ҷумҳурият” - нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо гузашти беш аз ду ҳафта матлаби эътирозиеро алайҳи изҳороти Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии кишвар, ки гуфта буд, ҳизбаш омодааст, идораи давлатро бар дӯш гирад, нашр кард. Дар ин матлаб, ки таҳти унвони “Кори ҳар кас нест, давлат сохтан!” чоп шудаасту ба қалами Фарҳод Салимов нисбат дода мешавад, гуфта шудааст, ки раиси ҲНИТ даъвои бузургии ҳизби худро мекунаду барои ноором намудани ҷомеа дар сар фикри роҳандозии кадом нақшаи “хиёнаткорона”-еро дорад.

Муаллифи матлаб барои тақвяти ин фарзияи худ суханони Муҳиддин Кабириро мисол меорад: “Бисёр сода нашавем, ҳамон вақт бо шумо сулҳ мекунанд, ки қудрат доред. Бо одами заиф ҳеч кас сулҳ намекунад, одами заифро аз байн мебаранд, мағлуб мекунанд, мутеъ мекунанд ё ҳамеша дар ҳолати ҷанг он одами заиф боқӣ мемонад. Ҷангро тарафҳои қавӣ ва заиф бардавом карда метавонанд”.



Дар идомаи матлаби нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо овардани назари шарҳнависи яке аз сомонаҳои дохилӣ бо номи Давлат, аз ҲНИТ даъват шудааст, ба ҷои ин гуна даъвоҳо аввал дунболи муттаҳидсозию ислоҳоти дохилии худ шавад: “Бо кадом нерӯ, бо кадом қувва ва пайравонатон Шумо давлатро идора карданӣ ҳастед, вақте худ дар дохил парокандаеду бо ҳам низоъ доред. Агар ҳукумати феълӣ ноуҳдабаро бошад, ҲНИТ аз он ҳам ноуҳдабаротар аст ва дар як муддат кишварро ба фано мебарад.”

Оқои Салимов дар матлаби худ таъкид кардааст, агар Муҳиддин Кабирӣ бо он чаҳор нафаре, ки дар гирди худ дорад, аз ҷумла Сайидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалӣ Ҳайит ва Ҳикматулло Сайфуллозода ва бовар дорад, давлат сохта метавонад, хато кардааст. Ба гуфтаи ӯ, гӯиё Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини кунунии раиси ҲНИТ замони фаолияташ ба ҳайси муовини раиси Кумитаи давлатии телезион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон буданаш кореро ба нафъи мардуми тоҷик накардааст.

“Магар Кабирӣ аз рафторҳои «Ихвонулмуслимин» таҷриба нагирифт, ки аз худ қаҳрамонтарошӣ мекунад. Ихвониҳо низ мехостанд дар Миср ҳукумат кунанд ва муборизаи ҳафтодсолаашон нишон дод, ки имкони як сол ҳам идора кардани давлати Мисрро надоштаанд. Аъмоли «Ихвонулмуслимин» бояд барои наҳзатиҳо дарси ибрат бошад, то дониста сухан кунанд”,-омадааст, дар матлаб.

Дар охир бо овардани назари шарҳнависон фаъолият ва шахсияти раиси ҲНИТ зери тозиёнаи танқид кашонида шуда, хотирнишон шудааст, ки агар замоне як ҷониб бо наҳзатиҳо даст дода буд, пас он ба хотири сулҳу субот буд, на чизи дигар.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 24 июни соли ҷорӣ, дар ҳамоише бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қароргоҳи ин ҳизб ва дар ҳузури намояндагони сафоратҳо, созмонҳо ва аҳзоби сиёсӣ, дар хитоб ба аъзо ва тарафдорони ҲНИТ гуфта буд, вақти он расидааст, то ҳаққи ҳалоли худро аз дигарон талаб кунанд. Ӯ афзуд, ҳар чи қадаре ки аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ сатҳи талаботи худро поинтар мекунанд, ҳамон андоза болояшон фишор бештар мегардад. “Ошкор бояд бигӯем, чаро на, ин ҳизб метавонад масъулияти кишварро ба даст гирад. Агар натавонистанд дуруст рафтор карда, Наҳзати исломии Тоҷикистон омодааст масъулияти кишварро ба ӯҳда гирад”,-таъкид дошт ӯ.

Дар идомаи суханронии худ оқои Кабирӣ аз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ёдоварӣ кард, ки дар як паёми худ чунин гуфта будааст: "Агар ҳукумати Тоҷикистон тавонист давлатро идора карда, миллатро ҳамчун миллати сарбаланду озод идора бикунад, вазифаи ҲНИТ кумак кардан аст. Агар дидем, ҳукумат дар идораи давлат мушкил дорад, аз ӯҳдаи он намебарояд, камбудӣ дорад, қудраташ намерасад, пас Наҳзати исломӣ омодааст бо роҳи муколама ҳукуматро ислоҳ бикунад. Вале агар бубинем, ки ҳукумат на инро метавонанд на онро, на давлатро идора карда метавонанду на иқтисоду сиёсатро дарк карда, камбудҳоро ислоҳ намекунад, вазифаи як ҳизби дигар аст, ки биёяд ва бигӯяд, ки ҷойро холӣ кунед ва масъулиятро ба ҳизби дигар бидиҳед.”
Мӯҳр
Чумхурият
Хушбахтона миллати точик рузномаи махалгарои саропо тухмату лагандбардори "Чумохурият" ро намехонад. Максади гайриточикони макомот бо пахши чунин маколахои игвогарона андохтани низоъу ихтилоф ва коштани тухми хасаду бадбини дар миёни точикон аст.

сайф
бародарони гироми як нафар аз ферма омада хукуматро идора карда метавонад кабири бо ин илми сиёсат шиноси ва шахси шинотаи ислом магар наметавонад ва набояд ихвонохои мисро бо нахзат омехта кард .

БА ОЗОДАГОН:
бар тибки имлои забони точики аломати нукта баъд аз нохунак меояд. УХДА хам бе уи дароз навишта мешавад.

худи макола хуб аст!

tjk
In Nahzat na inki ixvoniho Nahzat alakay da sary qudrat ast

Мухиддин Кабири ба худ бовар надошта бошад гапи бехуда намезанад. Кабири гамхори халк аст, дарди халка гап мезанад, аммо ба у "ход" намедиханд вазифадорои мо! Fайр аз ин Мухиддин Кабири бо ду се нафар муовинонаш танхо нест...!!!

Карим
Кабири бояд аз ихвониён дарс гираду давлатдорон аз кадафи не.хандаовар то ба кай халкро метарсонед.

Нахзатихо то имруз чи кори барои мардуму ватан кардаанд! Агар гиранд хам умри миллиту ватан на бештар аз панчсол мекашад

Дар Ворух чор нафар кушта ва 20 нафар мачрух шуд (аз дасти Киргиз) хабарнигорота гусел кун Озодагон.

Азиз
Барои маколаи "бехтаринаш" ба Фарход Салимов чи кадар ганарар дода бошанд ааа??? Лагандбардор!

в
Ворухи,

Чи хабарнигон рафта интикоми щуморо аз киргиз мегирад? О хезед агар мард бошед пачаки киргизхоро бароред.

ДОНИШЧУИ ХАК
АЧАБ ФИКРУ АФКОРЕ . ( КОРИ ХАР КАС НЕСТ, ДАВЛАТ СОХТАН ) АЗ КАДОМ ДАВЛАТ СОЗИ СУХАН МЕРАВАД ИНЧО ? ДАВЛАТЕ КИ ЧАНДТО СОХТМОНХОИ БАЛАНД СОХТА АСТУ БАЙРАКИ БАЛАНД БАРДОАШТА АСТ ??? ДАВЛАТЕ КИ ЧАНД ТО БОГУ ЧОЙХОИ ЗЕБО МАНЗАР СОХТА ЧАШМИ МАРДУМРО БО ИН ОРОИШХОИ ЗОХИРИ КУР ГАРДОНДААСТ??? ДАВЛАТЕ КИ ЯГОН КОРХОНАВУ ЗАВОДИ ХУБ НАСОХТ КИ МАРДУМ ИФТИХОР КУНАНД, ХАМИН ДАВЛАТ ??? ДАВЛАТЕ КИ МЕГУЯД ЗАМОНЕ БАРОИ СУЛХ ВА ОРОМИ БО НАХЗАТ ДАСТ ДОД , ВА ХОЛО РУЙ МЕГАРДОНАД МАГАР ХИЁНАТ ВА АХДШИКАНИ БА АХДУ СУЛХУ ВАФОИ СУЛХНОМА НЕСТ ??? АЗ РАВАНДИ ОЗОДОНА ВА РАСМИИ НАХЗАТИХО АЗ АВВАЛ ТО БА ИМРУЗ ХЕЧ ФИКРУ РОХАНДОЗИИ НАКШАИ ХИЁНАТКОРОНАИ ДАР САР НАДОШТ ВА НАХОХАД ДОШТ . МАРДУМ КУР НЕСТАНД . ВА ФИКРУ ФАХМИШИ МАРДУМ ДАР АСРИ 15 КАРОР НАДОРАД . АСРИ 21 АСРИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА ИНФОРМАЦИЯ АСТ . ХАР КУДАКИ МАКТАБ ХОН АЗ ХАМА РОСТИВУ НОРОСТИИ ВАТАН БО ХАБАР АСТ . ОНЧИРО КИ НОРОСТИ МЕБИНЕМ КОРИ ПУШТИ ПАРДАГИИ ХУДИ ХУКУМАТ АСТ БАРОИ ТУХМАТУ СИЁХ КАРДАНИ МУКОБИЛ . МАН ИНРО СИЁСАТИ СИЁХ ВА ТОРИК МЕНОМАМ. МАРД БОЯД СИЁСАТИ САФЕД ВА РУШАН ВА ОШКОРО РО ПЕШ БИГИРАД .

Тоҷик
Ин бечораҳо чунон дилбастаи курсианд, ки ҳатто аз як изҳороти ба қавли худашон "беасос" дар ҳаросанд. охир агар шумо аз дигарон бештар донед, ки Кабири бо ин гуруҳи худ тавони идораи давлатро надорад ва мардум ба даъвоҳои ӯ эътимоде надоранд, пас чаро ин қадар шуру ғавғо мебардоред. Ё шумо худатон низ аз гурӯҳи ҳамин Кабирӣ ҳастед, ки барои рекламаи қудрати ӯ амал мекунед?
сониян, мисоли шумо бо Мисрро идора карда натавонистани ихвониҳо на онқадар асоснок фаромадааст, зеро ҳар каси пайгир ба хуби медонад, ки чаро онҳо дар идораи давлат "ноком" шуданд............ Чумхурият,

Точик
макола 100% дуруст. Ин Кабири факат барои игвоандози ва фоидаи шахсии худ талош мекунад вагарна чаро аз дар инихоботи президенти номи худро нагузошта пушти зане бачо щуд??? чунки у аз бизнесаш метарсид

А-а
Агар КДАМ ин Кабири ва ҲНИТ-ро ба назорати худ нагирад ЧТ ба Украина табдил меёбад. Оё солхои 91-94 барои халки точик бас набуд.

ФАРХОД
МО БО КАБИРИ ВА ХИЗБИ У ОШНОИИ ПУРРА НАДОШТА БОШЕМ ИН ГАПХОРО БОВАР КУНЕМ.ФИКРИ У ВА ХИЗБАШРО ДАСТГИРИ МЕКУНЕМ.......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)