Бахшҳо
09 июл 2014 16:09Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Падари сарбози ғӯрамарг: “...то даруни гӯр аз баданаш хун мерафт”

Акрам Холиқов, як сокини Каҷровути ноҳияи Ғончии вилояти Суғд, аз хомӯшии масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон дар робита ба марги писараш - Ҷӯрабой Ҳомидов, ки дар яке аз қисмҳои низомии ин ниҳод адои хидмати ҳарбӣ мекард, ибрози нигаронӣ дорад. Холиқов рӯзи 9 июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз мақомот танҳо талаб дорад, сабаби аслии марги писари 23-солаашро равшан кунанду бас.

“Ман ягон даъво надорам, ҳамчун падаре, ки писари оиладор ва соҳиби фарзанди худро ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ ё аниқтараш барои адои хидмати Ватан - модар равон кардааст, мехоҳам огоҳ шаваму қалбам ором гирад”,-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Холиқов, писари ӯ – Ҷӯрабой 23 сол дошта, оиладор ва соҳиби як фарзанди хурдсол – духтарча будааст. Ӯ ноябри соли гузашта бо хоҳиши худ ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шомил шуда, дар қисми низомии 07033–и нерӯҳои ҳавоии Вазорати дифои кишвар, воқеъ дар фурудгоҳи низомии “Айнӣ” адои хидмат менамуд.

Ҷасади Ҷӯрабой Ҳомидовро рӯзи 7 июли соли ҷорӣ, дақиқтараш, танҳо бо гузашти 24 соат аз гуфтугӯи телефонӣ бо модараш, ду сарбоз ва як афсари нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон ба деҳаи Каҷровут оварда, ба волидайнаш медиҳанд.

Падари Ҷӯрабой мегӯяд, ин хомӯшии масъулони Вазорати дифоъ дар ҳолест, ки ҷасади писари ӯ аз ташхиси тиббӣ-судӣ гузаронида шудааст: “Шиками Ҷӯрабой бурида шуда буд, ки гӯиё ҳангоми гузаронидани ташхиси тиббӣ шудааст. Аммо дар пушти сараш нишонаи зарбаи сахт дида мешуд, ки ҳатто то даруни гӯр аз баданаш хун мерафт.”


Дар акс: Ҷӯрабойи ғӯрамарг дар байн
Мӯҳр
баъзехо дар армия хизмат накарда рутбаи генералиро гирифтаанд. баъзехо бо хохиши худ хизмати ватан гуфта марг гирифтанд.

Охираташ обод бод! Барои наздиконаш сабри чамил мехохам.

А
Мехостем дар ин бора маълумоти мухтасар гирем.

То кай писарони моро бурда аз он су мурдахояшонро меоварда бошанд,хама медонем,ки чи гуна азобу шиканча дар сафи артиш вучуд дорад.

Боз инҳо мехоҳанд, ки дар ин артиши гурусна ва бесарусомон касе хизмати аскарӣ бикунад.
Ба падари Ҷӯрабой: рафта худатон натиҷаҳои ташхиси тиббиро (экспертиза) гиред ё ба суд муроҷиат кунед.

И чи бедодгари як бачай камбагала мезанан маиб мекунан дигариша мекшан МАРГИ хами кумадону афсарони Армияи Точик

Ахмад
бояд хотима гузошт ба ин вахшоният!!!

Хамсояааш
Озодагон! Хохишмандам, ин казияро то охир пайгири кун. Хаа, ин чо 1 хатое шудааст: фарзанди ин чавони гурамарг писар аст, на ин ки духтар. Исмаш Чонибек, хануз 1 сола нашудааст. Аммо Барои чи ин кудак ятим монд? Марги Чурабой тасодуфи нест! Бояд ин масъала тахкик шавад! Барои чи шикаму сари у буридаву аз нав духта шудааст? Нишонаи зарби сахт дар сари Чурабой аз кучост? Ба хукумати н.Гончи: Акнун аз дехахои ин минтака ба хусус Качровут аскар гирифтанат хеле мушкил мешавад!!!

Абди
Озодагон! Даххо маротиба шарх менависам чаро чооп на-ме-ку-нии???

Фаррух
Фикр мекунам, ки дар Хукумати мо инсон к,адр надорад. Чунки х,амин нафароне, ки ба сафи артиш даъват мешаванд барои мухофизати давлати худ омода мешаванд. Ман аз тамоми Хукуматдорон даъват мекунам бедор шавед. Ана хамин сарбозоне ки дар артиш кушта мешаванду нисбати онхо бепарвоен Хаминхо хастанд ки Шуморо мухофизат мекунан, давлатро мухофизат мекунанд. Агар як нафар ба артиш наравад ватанро ки х,ифз мекунад???????????????????????????

сссссссссссссссс
макомоти корхои дохили барои исботи он ки доимо хакикатро руи об мебаррад бояд махз дар хамин холатхо фаъолияти назаррас дошта бошанд, то ки дили мардум аз кору фаъолияти онхо руз то руз сард нашавад.

Аз "скинхедхо" дар Русия шикоят мекунему аз худ скнихедхои худ бехабарем. Ба артиши милли чи шудааст, ки дар авзои сулху суботи ватан сарбозон дар кисмхои низоми мефавтанд ??. Ин аллакай 3-юм ва 4-ум ходиса мебошад, як сарбози дигари бечора, Шахбол, то хол дар кати бемористони Хучанд мавриди табобат карор дорад. Марги навбатии сарбоз муаммохои зиеде дорад, ки аз болои он муфаттишон бояд кор бурд ва хакикатро ба волидайни сарбози мархум бояд расонд.

Падари мухтарам хонаи охирати писаратон обод бошад, вале навистаед, ки ман даъво надорам. барои чи ин ноадолатиро нодида мегиред даъво кунед бояд хак ба хакдор расад.

Ben
ин на танхо пушти сараш тамоми баданш лат хурдаги буд бечора худаш сагира буд якто писарашро хам сагира кардан инхел мекунан бад хеч кас ба хидмат намерад Одами куштаги мебенад охи сагира ба Худованд наздиктар

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)