Кормандони милиса зимни баргузории як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон беш аз 36 кило маводи нашъадор кашф карданд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, аснои баргузории як амалиёти вижа дар шоҳроҳи Кӯлоб-Шӯрообод-Дарвоз, Расул Талбови 29 -сола, сокини деҳаи Дараи Оби ҷамоати Доғистон дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови борхалтааш 36 килою 400 грамм маводи нашъадори «афюн» дарёфт ва мусодира карда шуд.Ҳоло тафтиши қазияи Талбов оғоз гардида, мақомот ҳамазамон муайян карданист, ки ин миқдор нашъаро ӯ барои кӣ ва ба куҷо мебурд.
Мӯҳр