Ютуб (YouTube) дар Тоҷикистон дубора дастнорас шуд
Баъзе аз ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон дастрасӣ ба видеопортали Ютуб (YouTube)-ро дубора маҳдуд кардаанд. Ин маҳдудият аз субҳи рӯзи 9 июл ба ин сӯ эҷод шудааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” корбарони Интернет хабар дода, афзуданд, феълан YouTube тариқи ширкати Бабилон (Babilon), Тселл, Билайн ва чандеи дигар дастнорас мебошад. Ба гуфтаи корбарон, тариқи барномаҳои филтршикан вуруд ба шабакаи Ютуб имконпазир аст.
Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи интернет дар Тоҷикистон, низ дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз корбарон дар бораи маҳдуд шудани дастрасӣ ба Ютуб шикоятҳоро дарёфт кардаанд ва давоми рӯз асли қазияро рӯшан мекунанд. “Дар мавриди маҳдудияти ворид шудан ба Ютуб ба аъзои анҷуман муроҷиат кардаему ҳоло мунтазири ҷавоб мебошем”,-афзуд ӯ.
Тайи як моҳи охир дар Тоҷикистон бори дуюм аст, корбарон аз маҳдудияти дастрасӣ ба видеопортали Ютуб шикоят мекунанд. Ибтидои моҳи гузашта низ чунин маҳдудияте ба муҳлати чанд рӯз ҷорӣ шуда буд, вале баъд аз муроҷиати Асомуддин Атоев ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар дар робита дубора дастрас гардид. Ӯ бо ирсоли номае ба унвони Эмомалӣ Раҳмон хоста буд, барои дастрас шудани шабакаи Ютуб (YouTube) мусоидат кунад.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта низ дастрасӣ ба видеопортали Ютуб (YouTube) баъди нашри наворе аз лаҳзаҳои тӯйи Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин шабака маҳдуд шуда буд. Баробари ин феълан дастрасӣ ба сомонаи "Озодагон", махсусан шакл ё варианти мобилии он, аз ҷониби Тоҷиктелеком, Телеком Технолоҷӣ ва чандеи дигар аз ширкатҳо маҳдуд мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |