Боздошти Саидов бо дархости интерпол ва истирдодаш ба ватан
Додситони кулли Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам шудаву дар пайгарди қонунӣ қарор дошт, ба ватан истирдод кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти додситонии шаҳри Маскав, Ҷамолиддин Саидов, сокини вилояти Хатлон моҳи августи соли гузашта аз сӯи кормандони пулиси рус бо дархости интерпол боздошт гардида буд. Ин ниҳод такя ба суханони мақомоти қудратии тоҷик мегӯяд, гӯиё Саидов моҳи майи соли 2011 ба ду ҳамватани худ наздикии 1 килло ҳашиш фурӯхтааст.
Қарори истирдод шудани ӯ аз Русия ба ватан моҳи июни соли ҷорӣ аз сӯи Додситони кулли ин кишвар содир гардида, ҳоло ба мақомоти қудратии тоҷик супорида шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |