АКС: Таҷаммӯи донишҷӯён дар назди бинои Вазорати дифоъ
Ҳудуди сад донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон субҳи 9 июл дар назди бинои Вазорати дифои кишвар ҷамъ омада, хостори суҳбати рӯбарӯ бо Шералӣ Мирзо шуданд. Ин гуруҳи донишҷӯён, мегӯянд, онҳо дар кафедраи ҳарбӣ низ мехонанд ва устодон ҳангоми тамрин барояшон беасос “нб”-и зиёд гузоштаанд.
Ба қавли яке аз ин донишҷӯён, ки теъдоди умумияшон бештар аз 160 нафар будааст, ҳарчанд тамрин соати ҳаштуними субҳ оғоз меёфту онҳо дар ин вақти таъиншуда ҳозир мегардиданд, аммо устодон барояшон “нб” гузоштаанд. “Шояд баъзан кадоме аз мо дер мекард, аммо ин хел нест, ки ҳамаи мо якбора ин қадар “нб” гирифта бошем. Ҳатто вақте бо сабаби узрнок ҷавоб мепурсидем, устодон боз барои мо “нб” гузоштаанд”,-афзуд яке аз мусоҳибони мо.
Ин гуруҳи донишҷӯён мехостанд, мушкили худро шахсан бо Шералӣ Мирзо – вазири дифои Тоҷикистон дар миён гузошта, аз ӯ барои ҳалли он кумак бихоҳанд. “Зеро дар сурати ҳал нашудани ин мушкил маҷбурем соли ояндаро интизор шавем”,-гуфт яке аз донишҷӯён.
Аммо ба ҷои Шералӣ Мирзо нафарони дигари масъули Вазорати дифоъ ба назди донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ баромада, онҳоро ба парокандашавӣ даъват карданд. Онҳо гуфтанд, ин гуруҳи донишҷӯён низомномаи кафедраи ҳарбиро вайрон карда, ба машқи низомӣ хунукназарона рафтор намудаанд. Ба қавли масъулони Вазорат, ин миқдор донишҷӯён дар Донишгоҳи миллӣ 286 нафарро ташкил медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |