Сафари ҳайати ҳукумати Суғд ба Олтойи Русия
Ҳайати ҳукумати вилояти Суғд таҳти раҳбарии раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ субҳи 9 июл ба Олтойи Русия сафар кардааст.
Тавре ба «Озодагон» аз маъмурияти Суғд хабар додаанд, ҳангоми дидору гуфтушунид бо раҳбарияти Олтой дар назар аст, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи минтақавӣ дар бахши саноату кишоварзӣ ва танзими муштараки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гиранд.
Манбаъ афзуд, аз рӯйи натиҷаҳои ин сафар миёни ҳукумати кишвари Олтой ва маъмурияти Суғд созишнома дар бораи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо хоҳанд расид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |