(ВИДЕО) Лутфулло Давлатов дар бораи навори “муллоҳо” ва боигариаш
Лутфулло Давлатов, раиси телевизиони “Сафина”, пахши наворҳо дар бораи афроде, ки занону духтаронро аз роҳи хондани “дуо” табобат мекунанду ҳамчун “муллои ҷодугар” муаррифӣ мешаванд, ба нафъи кор донист. Ӯ, ки дар нишасти хабарии 9 июл дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, ин воқеияти ҳол аст ва ҳадаф аз намоиши чунин филмҳо ҳушдор додани мардум мебошад.
"Дар бораи наворҳо, чӣ кор кунем? Ягон одаме нест, ки гӯяд ман гуноҳ дорам ва ягон одаме наметавонад, гӯяд: покам, фариштаам. Шояд аз асрҳои аср ҳамин чизҳо буд. Ба наздикӣ навори нафаре намоиш дода шуд, ки бо "шланг" табобат мекунад. Он ҷо ягон калима дар бораи аъзои Ҳизби наҳзат ё чизи дигар набуд. Афсӯс, ки дар ҷомеа ҳамин хел чизҳо ҳастанд ва баъзе чизҳои дигар ҳам аст, ки нишон намедиҳем. На ин ки як диндор, ҳар касе, ки набошад, онро нишон медиҳем. Ба мо ингуна супориш аст",-таъкид дошт Лутфулло Давлатов.
Дар идома раҳбари телевизиони “Сафина” ба суоли хабарнигори “Озодагон” дар бораи дороиҳояш низ суҳбат кард. Ӯ гуфт, аз оғоз одами эҷодӣ буд ва солҳои зиёд дар хобгоҳу манзили иҷора зистааст. “"Аз бачагӣ дар театр кор мекардам, эҷодкор будам. Корманди театр аз ҳамон даврҳо сатҳи зиндагии хуб надошт. Ҳеч чиз надоштам, 8-9 сол дар хобгоҳҳо зиндагӣ кардем, лекин тоқат кардем, дар ҳамин шаҳр мондем. Баъд хона доданд. Боигарии ман - 5 фарзандам”,-баён дошт Давлатов. Вале ӯ дақиқан нагуфт, манзиле, ки ҳоло ӯ ба сар мебарад, кай ва аз тарафи кӣ дода шудааст. Инчунин, Лутфулло Давлатов, дар бораи фаъолияту таҳсили фарзандонаш ошкор суҳбат накард ва танҳо гуфт, “бачаҳои хубанд. Ман рисолати падарии худро иҷро кардам. Ҳамаи фарзандонамро хононда, хонадор карда, соҳиби вазифа кардам ва он тарафаш таваккалашон ба Худо. Дар ҳама ҷо содиқона кор кардаам”.
Лутфулло Давлатов моҳи декабри соли 1958 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 1979 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси актёри драма ва кино хатм кардааст. Фаъолияташро соли 1979 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри шаҳри Конибодом оғоз намуда, аз соли 1985 то соли 2004 дар театри Лоҳутӣ буд.
Ӯ дар намоишномаҳои телевизионии «Зани оҳанин», «Ҳайкал», «Дуздӣ», «Курсии сеҳрнок», «Аноӣ», филмспектакли «Ғуруб», инчунин, филмҳои «Гирдоб», «Дар орзуи падар», «Пой дар гил» нақшҳои муҳимро бозидааст. Ҷаноби Давлатов ба телевизион соли 2004 ба ҳайси сармуҳаррири идораи мусиқии Шабакаи аввал омада, солҳои 2006-2008 дар вазифаи муовини аввали директори Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон "Баҳористон", солҳои 2008-2009 директори Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино" фаъолият кардааст.
Ӯ 30 сентябри соли 2009 ба вазифаи раҳбари "Сафина" таъин гардид ва то кунун дар ин мақом ифои вазифа дорад. Бо унвони ифтихории "Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон" ва медали "Хизмати шоиста" қадрдонӣ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |