ВИДЕО: 7 голи олмониҳо, шикасти Бразилия ва гиряи талхи соҳибони майдон
Тими миллии Олмон дар дар қисмати ниманиҳойии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 бо ҳисоби бузург яккачини Бразилияро шикаст дод.
Олмониҳо ба дарвозаи соҳибони майдон 7 гол зада ва танҳо як тӯб сар доданд. Ҳисобро дар дақиқаи 11 Томас Мюллер боз кард. Баъдан, дар фосилаи дақиқаҳои 23 то 29 Бразилия чор голи дигар хӯрд. Ду тӯбро Тони Кроос ва як тӯбиро Мирослав Клозе ва Сами Хедира ба самар расонданд. Дар қисмати дуюми бозӣ Андре Шюррле ду голи дигар зада, ҳисобро 6 бар ҳеч кард. Муаллифи голи ягонаи Бразилия Оскараст.
Ба ин тариқ Бразилия аз шонси қаҳрамони ҷаҳон будан маҳрум ва Олмон ба даври финалӣ роҳ ёфт. Соати 01:00-и 10 июл боз як финалисти дигар маълум хоҳад шуд. Ғолиби дидори Аргентина-Ҳолланд дар қисмати ниҳойӣ бо Олмон қувва хоҳад озмуд. Даври ниҳойӣ 13 июл баргузор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |