Душанбе мизбони бозии дӯстонаи яккачинҳои Тоҷикистону Малайзия мешавад
8 август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии дӯстонаи мунтахабҳои Тоҷикистну Малайзия оид ба футбол доир мешавад. Дар мавриди баргузории чунин як дидор Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассосиатсияи футболи Малайзия ба тавафуқ расидаанд. Аз ин пеш ин ду тим боре ҳам бо ҳам қувваозмоӣ накардаанд.
Тими миллии Малайзия дар рейтинги ФИФА мақоми 149 ва мунтахаби Тоҷикистон зинаи 129-ро муаррифӣ мекунанд.
Дар соли равон ин сеюмин бозии дӯстонаи тими миллии Тоҷикистон хоҳад буд. Аз ин пеш футболбозони тоҷик ба муқобили тимҳои миллии Афғонистон (1:0) ва Эстония (1:2) ба майдон баромада буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |