Бразилия ва Олмон имшаб барои роҳхат ба финал қувва меозмоянд
Соати 01:00-и имшаб, бозии аввали даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 оғоз мешавад.
Барои роҳхат ба даври баъдӣ тимҳои миллии Бразилия ва Олмон бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Мунтахаби Бразилия дар ин дидор бе ҳамлагари асосияш ба майдон мебарояд. Ҷои Неймарро сармураббӣ Сколари байни Оскар, Эрнанес ва Виллиан ҷустуҷӯ хоҳад кард. Гуфта мешавад, Тяго Сила, капитани хориҷгардида дар хати дифоъ алакай ба Бразилия кӯмак расонида наметавонад. Эҳтимол ҷои ӯро Дантэ иваз намояд.
Олмониҳо бошанд, дар ин сабқат бо ҳайати пурра ва мукаммал ба майдон мебароянд. Аз ин тим танҳо ҳимоятгар-Шкодран Мустафия бо сабаби осеб бардоштан бозӣ нахоҳад кард.
Омон дар бозии ниҳоии Ҷоми Ҷаҳони соли 2002 аз Бразилия шикаст хӯрда буд. Ин ягона рақобати ду даста дар доираи Чемпионатҳои Ҷаҳон ба шумор мерафт.
То имрӯз Бразилия 5 маротиба қаҳрамони ҷаҳон оид ба футбол шудааст. Олмон ҳамагӣ 3 маротиба ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |