АКС: Ҷавоби хаттии Бибиннисо ва "рақибаш" ба саволҳои Вазорати маориф
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар пайи иддаои Бибиннисо Мамадҷонова – хатмкунандаи мактаби рақами 18-и ноҳияи Носири Хисрав дар бораи он ки гӯиё квотаи насиби ӯро “дуздидаанд”, посухи ӯ ва "рақибаш" - Раҳима Маллаеваро ба “Озодагон” фиристод.
Масъулони ин ниҳод бовар доранд, вобаста ба посухҳои Бибиннисо ба ӯ хол дода шудааст, ки ин холҳо барои дарёфти квотаи президентӣ барои шомил шудан ба Донишгоҳи тиббӣ кофӣ набудаанд.
Бибиннисо рӯзи 7 июл, ҳангоми нишасти хабарии Нуриддин Саидов -- вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба Душанбе омада, ин мавзуъро шахсан бо ӯ дар миён гузошт. Ин хатмкунандаи мактаби 18-и ноҳияи Носири Хисрави вилояти Хатлон мегӯяд, бори дувум аст, ки мақомот пирӯзии ӯро нодида мегиранд. “Бори аввал дар олимпиадаи ноҳиявӣ аз фанни кимиё иштирок кардем. Ҷои аввалро гирифта будам, вале баъдан онро ба Роҳима Маллаева, духтари яке аз раисони хоҷагӣ, доданд. Бори дувум барои гирифтани квота ба Донишгоҳи тиббӣ низ якҷоя ҳуҷҷат супоридем. Ман ҳафт бал гирифтам, вале квотаро боз ба ӯ доданд. Агарчӣ Маллаева тамоми вазифаҳоро иҷро накарда буд”,-нақл кард Бибиннисо.
Нуриддин Саидов дар робита ба ин масъала дар нишасти хабарияш гуфт, “чор бор шуд аз ноҳияи Тоҷикобод қабул мекунем, касеро ёфта наметавонем, ки ба Донишгоҳи тиббӣ роҳхат гирад. Сабаб чист? Барои он ки дониши паст доранд. Акунн ба қарори ҳукумат тағйир ворид шуда, камбизоату камбағал аз байн бардошта шудавуҷавонони лаёқматманд мондааст. Чизи дигар, ҳозир ин духтар танҳо нест, нафарони зиёде ҳастанд, ки медонанд, он духтар ва ё ҷавон аз инҳо лаёқатманданд, вале тан намедиҳанд. Он қадар худбин ҳастанд, ки... Таслим намекунад, ки вай аз ӯ босавод аст. Ҳозир аризаи даъвогии дигаре омадааст аз Ҷиргатолу Темурмалик. Бояд ҳақ ба ҳақдор расад. Нафаре ки донотар аст, бояд таҳсил кунад.”
ҶАВОБҲОИ БИБИННИСО:
ҶАВОБҲОИ РАҲИМА:
[/center]
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |