Гурез Қосимзода: “Шояд тақаллуб бошад, аммо хариду фурӯши мансаб нест”

Масъулони Оҷонси хизмати давлатии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯянд, дар сурати пешниҳоди далел дар бораи хариду фурӯши мансаб дар кишвар омодаанд, онро таҳқиқ ва мардумро аз натиҷааш огоҳ кунанд.
Гурез Қосимзода (Гурез Қосимов), муовини аввали раиси Оҷонси хизмати давлатӣ, бо баёни ин ҳарфҳо хабарҳо дар бораи хариду фурӯши мансаб дар кишварро бепоя донист. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта дафтари иқтисодии сафорати Амрико дар Душанбе дар гузориши тозаи худ гуфт, “пастии маош кормандони давлатиро водор месозад, то барои рӯпуш кардани ниёзҳои худ роҳҳои дигар пулкоркуниро пайдо кунанд ва харидани мансабҳои давлатӣ дар ин кишвар ба як чизи маъмулӣ табдил ёфта, одатан онҳо барои боқӣ мондан дар курсӣ ба раҳбарияти худ ришва медиҳанд”.
Ҷаноби Қосимзода, ки дар нишасти хабарӣ дар Душанбе суҳбат мекард, афзуд, то ҳол дар мавриди ҳолатҳои хариду фурӯши мансаб ба онҳо ягон “сигнал” наомадааст. Номбурда иброз дошт, “дар сурати пешниҳоди далел дар бораи мансабфурӯшӣ миёни хизматчиёни давлатӣ омодаем, ин масъаларо пайгирӣ намоем. Ҳангоми гузарондани озмунҳо шояд тақаллуб сурат гирад, вале то ҳол мансабфурӯшӣ ба қайд гирифта нашудааст”.
Аз ин пештар, Сайфулло Сафаров – муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши дафтари иқтисодии сафорати Амрико дар бораи “мансабхарӣ”-ро дахолат ба корҳои дохилии кишвар номид. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, иддаои сафорат дар бораи ба як кори маъмулӣ табдил шудани мансабхарӣ дар Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад.
Ҷаноби Сафаров илова кард, “агар чунин дахолати сафорати кишварҳои хориҷӣ ба умури дохилӣ бештар шавад, ба бесуботӣ оварда хоҳад расонд”. Дар ин замина ӯ аз “бинӣ халондан”-и кишварҳои хориҷӣ ба умури дохилии баъзе аз давлатҳои исломӣ ёдоварӣ намуда, натиҷаи онро “инқилобҳои баҳори арабӣ” донист.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |