Эшони Маҳмудҷон: “Зан гули сари сабад аст, на пешхидмати ресторану роҳрӯби кӯча”

Эшони Маҳмудҷон, рӯҳонии саршинос, аз муҳоҷирати занони мусулмони тоҷик ба шаҳру минтақаҳои мухталифи Русия шадидан изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, "зан аз назари Ислом гули сари сабади хонадони падар ва шавҳар аст, на пешхидмати ресторан ва роҳрӯби кӯча."
Ӯ афзудааст, “воқеан, ин мусибат ва даҳшат аст, ки зани мусулмони тоҷик баробари мардон кӯлбори сафар дар пушт дил ба дарё занад ва то Сахалину Камчатка барои ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ сафар намояд ва худро чун гӯсфанди заифе дар водии гургон қарор диҳад. Кош, Садруддин Айнӣ зинда мебуд ва достони дигаре, на аз саргузашти Одинамардҳо, балки аз сарнавишти Одинамоҳҳо ва Одинагулҳои Тоҷик, ки модарони ояндаи миллатанд, менавишт”.
Рӯҳонии шинохтаи тоҷик ин ҳарфҳоро дар посух ба суоли яке аз корбарони торнамои Тураҷон.Орг, сайти хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо, навиштааст. Корбаре бо номи “Хоҳари исломӣ” аз Эшони Маҳмудҷон пурсидааст, “дар оянда барои кор ба Русия рафтаниам. Дар онҷо бо сатр ба кор намегиранд ва бовар надорам, ки сатрро то охир мебандам. Хеле метарсам аз Худованд, намедонам, чӣ кор кунам.”
Эшони Маҳмудҷон дар ҷавоб навиштааст, “тавсияи банда ба Шумо ин аст: агар ба Русия сафар кардани Шумо зарур бошад, пас, ба хотири ҳифзи каромат ва иффати худ бо ҳамроҳӣ ва таҳти назорати кадом нафар аз маҳрами худ сафар кунед. Ва илло дар ҷои зисти худ коре муносиби ҳоли худ биёбед ва ё шавҳаре мувофиқ ба шаъни худ биёбед ва бо қаноат кору зиндагӣ кунед. Аммо он ҳарфҳое, ки навиштаед: имрӯз бидуни сатр бигардаму баъд аз адои фаризаи Ҳаҷҷ сатри доимиро қабул намоям, инҳо ҳамааш фиреб ва ваъдаҳои шайтонӣ аст, ки Худованд дар Қуръон моро аз фирефта шудан ба инчунин ваъдаҳои шайтонӣ ҳушдор додааст.”
Дар идома рӯҳонии тоҷик мегӯяд, ба хотири муҳоҷирати корӣ тарк намудани сатри исломӣ ҳеч гоҳ ҷоиз ва рухсати шаръӣ намебошад. Вай афзудааст, “зан аз назари Ислом дар сурати доштани сарпараст вазифадор нест барои таъмини нафақаи худ кор ва ё сафари корӣ бикунад. Бояд падар ва ё бародарҳо дар сурати надоштани шавҳар нафақаи ӯро таъмин намоянд.”
Дар ҳоли ҳозир бар асоси иттилои расмӣ ҳудуди 1 ва бар асоси манобеи ғайрирасмӣ ҳудуди 2 миллион сокини кишвар барои дарёфти ризқу рӯзӣ дар Русия қарор доранд, ки як қисми онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |