Таассуфи Сангинов аз музокироти бенатиҷа бо қирғизҳо (САДО)

Ҷумъабой Сангинов - муовини аввали раиси вилояти Суғд, мегӯяд, дар музокироти охирини ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 7 июл дар Қайроққум сурат гирифт, ҷонибҳо доир ба масоили марзӣ ба мувофиқа нарасидаанд.
Ба қавли ӯ, дар нишасти навбатӣ масъалаи мушкилоти сохтмони роҳ матраҳ гардида, дар он ду масъалаи асосӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст: “Якум, муайян кардани хатти гузариши роҳи «Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ» дар ҳудуди марзи Исфара-Ботканд ва дар ҳамин замина муайян кардани хатти гузариши роҳи мустақили «Исфара-Ворух», ки имконияти бештареро барои рафтуомади сокинони ҷамоати Ворух таъмин мекунад.”
САДОИ ҶУМЪАБОЙ САНГИНОВ
“Дар нишастҳое, ки дар марзи Қирғизистон ва ҳам дар Тоҷикистон сурат гирифтанд, мутаассифона, на дар мавриди муайян кардани хатти гузариши роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ» ва «Исфара-Ворух» ва ҳам дар мавриди муайян кардани муқаррароти созишномаи байни ҳудуди Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа нарасидем”,-илова кард Ҷумъабой Санигинов.
Муовини аввали раиси вилояти Суғд афзуд, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, роҳи гузариши «Исфара-Ворух» бояд роҳи мустақил ва тамоми паҳлӯҳои идоракунию истифодабарӣ ва назорати роҳ бояд бар ӯҳдаи мақомоти дахлдори Тоҷикистон бошад. “Вале ҷониби Қирғизистон ақида дорад, ки ин роҳ бояд дар истифодаи дутарафа бошад ва назорати роҳ низ ба мақомоти дуҷониб вогузор карда шавад. Мо гуфтем, агар замоне, ки Шумо истифодаи дутарафа пешбинӣ мекунед, чӣ зарурати сохтмони роҳи нав аз ду тараф дорад?”,-мегӯяд Санигинов.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |