Боздошти мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Фархор
Ширинбек Маҳмудов, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияи Фархор, ба иттиҳоми “порагирӣ” боздошт шудааст. Масъулони Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, Маҳмудов барои бо номи Сунатулло Мутавалиев хусусӣ гардонидани амволи давлат (хирмани собиқ хоҷагии ба номи “Коммунизм”) аз ӯ беш аз 1000 доллар талаб кардааст.
Ба иттилои манбаъ, ин масъули бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияи Фархор гӯиё Мутавалиевро фиреб дода, ба манфиати ӯ ягон амалро иҷро накардаву ҳамаашро нафъи шахсиаш сарф намудааст. Ҳоло нисбат ба Ширинбек Маҳмудов бар асоси моддаи 247, қисми 3, банди “а”-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |