Пойафзоли Абдураҳмон Қодирӣ, раиси Суғд, ба Шаҳбол Мирзоев (САДО)
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, ба Шаҳбол Мирзоев – сарбози маъюби нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон як пойафзол ё кафш ҳадя кардааст. Дар ин бора худи Қодирӣ дар нишасти матбуотии 8 июл дар Хуҷанд хабар дод ва гуфт, ҳадаф аз тақдими пойафзол ҳарчӣ тезтар сиҳҳат шудану ба хонаводаи худ баргаштани Шаҳбол аст.
САДОИ АБДУРАҲМОН ҚОДИРӢ
“Аз он ҳолате, ки дар шаҳри Маскав дошт, хеле беҳтар шудааст. Ба духтуроне, ки ӯро табобат кардаанд, миннатдорӣ намудам. Мо ҳамеша дар тамос ҳастем. Ҳатто ба ӯ як кафши нав тақдим кардам, ба умеди он ки Шаҳбол рӯзҳои наздик роҳ мегардад. Фаҳмо? Хавотир нашавед. Ҳамавақт мо инро зери назорат дорем. Ҳаракат мекунем, ки Шаҳбол бо пои худ роҳ гашта, ба Ашт равад”,-афзуд Абдураҳмон Қодирӣ.
Шаҳбол Мирзоеви 23-сола ин шабу рӯз дар шифохонаи физиотерапевтии шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, табобат мегирад. Ӯ сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд буда, ҳамагӣ 9 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафтааст. Шоми 6 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.
Рӯзи 19 июни соли ҷорӣ додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии 2620-и нерӯҳои марзбониро, дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, ӯро нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова -- навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |