Кордзанӣ дар бозори "Корвон" ва ҷароҳати Саидҷону Далер
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 7 июл як гуруҳ аз ҷавонон дар ошёнаи дувуми бозори “Корвон”, ҳангоми савдои пойафзоли тобистона, ба фурӯшандагон дарафтодаанд.
Бар асоси иттилои ин ниҳод, “Меҳроҷ Раҳматуллоев (соли таваллудаш 1993) ва Одил Олиев (соли таваллудаш 1987), сокинони кӯчаи Бинокорони шаҳри Душанбе, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, Саидҷон Охиров (соли таваллудаш 1992) ва рафиқаш Далер Қурбонов (соли таваллудаш 1994)-ро латту кӯб намуда, бо корди дар дасташон буда, ба қисмати рони пояшон зада ҷароҳати ҷисмонӣ расондаанд.”
Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |