Андуҳи Эмомалӣ Раҳмон аз даргузашти Эдуард Шеварднадзе
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз даргузашти Эдуард Шеварднадзе -- раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон ва вазири умури хориҷии Иттиҳоди Шӯравии собиқ андуҳгин шудааст. Ҷаноби Раҳмон шоми 7 июл бо ирсоли паёми тасаллият ба Георгий Маргвелашвили -- раиси ҷумҳури кунунии Гурҷистон гуфтааст, “хоҳишмандам, ҳамдардии самимии маро ба мардуми Гурҷистон ва наздикону пайвандони марҳум бирасонед”.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар номаи тасаллияти худ, инчунин, афзудааст, “ҳарчанд таърих чандин пурпечутобҳои зиндагиро пеш оварда бошад ҳам, Эдуард Шеварднадзе дар он ҳамчун як чеҳраи барҷаста, арбоби сиёсии муосири ҳамон давра боқӣ мемонад. Хизматҳои марҳум аз ҷониби халқи Гурҷистон қадр гардидаанд, зеро ӯ дар ин кишвар замоне роҳбарӣ мекард, ки дар он давра марҳилаи хеле вазнин буд.”
Эдуард Шеварднадзе рӯзи 7 июл дар шаҳри Тбилисӣ, пойтахти Гурҷистон, дар синни 86-солагӣ вафот кардааст. Ӯ аз соли 1983 то 1990 курсии вазири умури хориҷии Иттиҳоди Шӯравиро дар ихтиёр дошт. Баъдан, моҳи марти соли 1992, дар пайи табадуллоти давлатӣ ва суқути ҳукумати Звиад Гамсахурдия, раиси ҷумҳури фирории Гурҷистон, раиси Шӯрои давлатӣ таъйин шуда, дар интихоботи парлумонии моҳи октябри ҳамон сол раҳбари давлат ва раиси парлумони ин кишвар таъйин гардид.
Эдуард Шеварднадзе 5 ноябри соли 1995 бо ба даст овардани аксари оро (овоз) дар интихоботи президентии Гурҷистон раиси ҷумҳури ин кишвар баргузида шуда, дар интихоботи 9 апрели соли 2000 низ дастболо гардид. Моҳи ноябри соли 2003 Михаил Саакашвилӣ, ҳуқуқшинос ва сиёсатмадори 35-сола ҳизби ҳокими кишварашро дар тақаллубкорӣ муттаҳам карда, дар рӯ ба рӯи бинои Маҷлиси қонунгузорӣ тазоҳурот баргузор кард ва истеъфои Эдуард Шеварднадзеро талаб намуд. Баъди як рӯзи ин ҳодиса Шеварднадзе пас аз мулоқот бо фиристодаи Русия Игор Иванов ба истеъфо рафт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |