Солеҳҷон Завқиев: На ҳамаи "муллоҳои қаҳрамон" имоми масҷиданд (ВИДЕО)

Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон мегӯянд, на ҳамаи афроде, ки барои амалҳои шаҳвонӣ боздошт шуда, ҳамчун “мулло” муаррифӣ мегарданд, имом ва ё имом-хатиби масоҷиди кишваранд. Солеҳҷон Завқиев, сардори Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, ки дар нишасти хабарии 8 июл дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, қисме аз ин афрод шаҳрвандони одӣ буда, аслан ба масҷидҳо дахл надоранд.
Бо ин вуҷуд, оқои Завқиев чунин амалҳоро падидаи номатлуб дониста ва гуфт, Кумитаву қисме аз мардум аз ин ҳол ба ташвиш афтодаанд. Ӯ афзуд, “бо тамоми имом-хатибони масҷидҳои вилояти Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мулоқот гузаронда шуд. Ба имомон фаҳмонда шуд, ки дар доираи ахлоқ, муқаррароти дини мубини Ислом, риоя кардани ақида ва гуфторҳои Имоми Аъзам ба намозгузорони хеш дар ин бора таъкид кунанд, то онҳо ба хонаводаашон бирасонанд.”
Ин масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва маросими миллии Тоҷикистон илова кард, ниҳоди онҳо масъули тафтишот нест ва барои ҳамин дар ин бора иттилои кофӣ надорад. “Мо ҳам мисли Шумо хабардор мешавем, ки чунин ҳодисаҳо шудааст”,-афзуд ӯ.
Аз ин пеш, рӯзи 7 июл, Сайфулло Сафаров – муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон низ дар ин бора изҳори назар карда буд. Оқои Сафаров гуфт, ҳадаф аз намоиш додани “қаҳрамониҳои” баъзе аз “муллоҳо” огоҳ кардани мардум аст, то мардум фирефтаи чунин афрод нашаванд. “Лекин ин маънии онро надорад, ки муллоҳо ҳамааш ҳамин хеланд. Муллоҳои хуб ҳам ҳастанд. Ба наздикӣ дар Ҳисор ягона мукофоте, ки раиси ноҳия доданд, маҳз ба мулло буд, на ба ягон касе дигар. Мо набояд намояндагони дину рӯҳониёнро аз ҳад зиёд паст занем, балки бояд нишон диҳем, ки ганда ганда аст, ҷинояткор миёни кормандҳои ҳукуматӣ низ ҳаст, миёни онҳо низ ҳаст. Мо ҳардуяшро бояд нишон диҳем. Яъне, ҷинояткорони миёни ҳарду ҷониб мо бояд ёфта, гуноҳашонро исбот кунем ва ҷазояшро диҳем”,-таъкид дошт Сайфулло Сафаров.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |