Номаи хонанда: “Чаро мо беиззат шудем?”

Дар дунёи имрӯз ҳамаи миллатҳо ва қабилаҳо ба чизе ифтихор мекунанд ва ба ормоне меболанд. Русҳо ба ин ки яке аз қудратҳои ҳастаии дунёанд, амрикоиҳо ба сиёсати ҷаҳоншумул, фаронсавиҳо ба фарҳанги ғанӣ ва ҷопониҳо ба қудрати фанноварӣ ва технологияашон, аммо мо – тоҷикон чӣ? Ба қавли шоир:
Гарчи доно ҳоли дил бо кас нагуфт,
Аз ту дарди хеш натвонам нуҳуфт.
Мумкин аст, ки таърих аз мо ифтихороте ба ёд дошта бошад, аммо дар дусад соли охир дастоварде надорем, то ба он ифтихор кунем. Инки имрӯз сулҳи тоҷиконро дар ҷанги шаҳрвандӣ дастовард мехонем, хатост. Сулҳ низ дастоварде нест, то ба он ифтихор намоем, чун поёни ҷанги бародаркушӣ буд ва даст кашидан аз бародаркушӣ қаҳрамонӣ нест.
Мо - тоҷикон ҳамеша мазлуму сархаму бечора будем, гоҳо муғул ба мо ҳамла меоварад ва дору мадори моро ғасб менамуд, гоҳо болшевикони ленинӣ бо идеяи коммунизм ва баробарӣ ба мо ҳамла оварда, донишмандон ва олимони бузурги моро ба Сибир табъид намуда, китобҳои моро ба ҷони ҳам андохта ҷанги бародаркуширо роҳ меандозад.
Дар ҳамаи ин ҳолатҳо мо ҳатто мавзеи дифоӣ ҳам надоштем ва ончунон мазлум будем, ки гӯиё зулмпарастӣ ҷузъи фарҳанги мо буд. Таърихро мардони бузург сохтаанд, агар миллате дар дунё машҳуру сарбаланд шуд, маншаи иззат ва обрӯи ӯ бар абармардест, ки сарбаландии миллаташро бо ҷону мол ва ҳастиаш харидааст.
Мао миллати Чинро, Гандӣ Ҳиндустонро ва Кастро миллати Кубаро. Тоҷикон низ чун Айнӣ ва Бобоҷон Ғуфуров абардмардони худро доштанд.
Замон гузашт, абармардони тоҷик зери хок рафтанд, рукуди иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҷомеаро фаро гирифт, дар ҳамин вақт марде сар боло кард ва гуфт: Сарбаландӣ иззат ва шараф ҳаққи мо тоҷикон аст.
Ҷавонони тоҷик, ки мазҳари обрӯ ва такягоҳи боэътимоди миллатанд, бояд парчамдори ватан ва миллат дар асарҳои байналмилалӣ бошанд, на дуздону роҳзанон ва аробакашони кӯчаву бозорчаҳои Русия.
Бале ӯ Зайд буд. Ӯ гуфт: Ман наметавонам дар ҷомеае зиндагӣ кунам, ки як сарватманду садҳо фақиру камбағал бошад ва беэътино ба зиндагӣ машғул бошам. Барои касе меъёр сармоя бошад, барои ман ҷиҳоти маърифатии дигаре ҳам меъёр аст.
Ӯ метавонист мисли сармоядорони дигар, ба мамолики Аврупо рафта, ба хонаводааш дар рифоҳ зиндагӣ кунад ва ба сармоя ва миллионҳои худаш биафзояд, аммо ӯ дар Тоҷикистон монд ва машғули сохтор ва эҷоди кор шуд, то ба миллаташ хизмат кунад. Тоҷикистон соҳибкорон ва тоҷикони зиёде дорад аммо соҳибкори муваффақе ки дарди миллаташро дарк кард ва виҷдонаш ӯро ором нагузошт, то ба сарнавишти миллаташ беэътино бошад, танҳо Зайд буд. Ӯ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кард, то тоҷикон бо сари баланд дар ватани худ машғули кор ва зиндагӣ бошанд на ғуломи дигарон ва бори номуси миллатҳои дигарро ба дӯш бикашанд. Ӯ натанҳо сармоя, балки озодиашро аз даст дод, то миллаташ огоҳ бошад. Вақте хабарнигор аз ӯ пурсид: Ин бархости бемавриди Шумо чӣ маънӣ дошт, инсонҳо қиём мекунанд то касби обрӯ, сарват ё қудрат кунанд дар ҳоле ки Шумо ҳамаи инҳоро доштед?
Ӯ дар ҷавоб гуфт:
Аз қиёми беҳузури ман мапурс,
Аз суҷуди бесурури ман мапурс.
Ҷилваи ҳақ ҳарчи бошад як нафас,
Қисмати мардони озод асту бас.
Бале, фидокорӣ ва аз худгузаштагӣ рисолати мардони озод аст. Ин ҷомеа таҳаммули шахси дигарандешаро надошт. Ҳамин ки донае аз осмон фуруд омад ва марде сарболо кард ва изҳори озодӣ ва фидокорӣ намуд, мо бо дастони худ ӯро хафакон намуда, аз озодӣ маҳрумаш намудем ва ё дар гирдоби танҳоӣ дасту по зад ва мо хомӯш нишаста, ҳамроҳияш накардем.
Аврупо пешрафт кард ба хотири он ки ҳазорҳо донишманд, равшанфикр ва соҳибкорро дар худ ғунҷонид ва ба онҳо маҷоли кор ва фаъолият дод, аммо ҷомеаи мо он қадар кӯчаку ҳақиру нотавон аст, ки таҳаммули доштани як тоҷири равшанфикрро надошт бо ин ҳол аз пешрафт ва демократия сухан гуфтан кори хандадор нест? Ҳар миллате худ сарнавиштсози хеш аст. Мо тоҷикон ба мусалмон буданамон ифтихор мекунем ва хуш аз онем, ки ба масҷидҳо рафта, сар ба саҷда меорем ва ба кунҷи хонаҳоямон хазида шукрона мегӯем. Ғофил аз он ки:
Гар надорӣ хуни гарм андар бадан,
Саҷдаи ту нест ҷуз расми куҳан.
Мо ба ин гумонем, ки Тоҷикистон як кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, дорои ҳашт ҳизби гуногунандеш аст. Дар ҳақиқат, асосҳои демократия дар Тоҷикистон риоят мешавад ва оғӯши давлат тавони доштани ҳашт ҳизби гуногунандешро дорад, пас, доштани ҳизби нуҳум чӣ мушкиле дошт? Маълум мешавад ки он ҳашт ҳизб фақат номҳои мухталиф дошта, муҳраҳои бозии як сиёсатанд.
Зайд бо ташкили ҳизбаш хост Тоҷикистони нав бунёд кунад ба мисли хонаҳои баланошёнаи зебое, ки дар шаҳр сохт ва мардум бо дидани онҳо ба ёдаш меафтанд. Зайд ҷавонмарди сағирапарвар аст, ки метавон ӯро зиндон кард, аммо ҳадафи воло, фидокориҳо ва хадамоти беандозаи ӯро наметавон зиндон кард. Ҷавонмард, ҷавонмард аст, агарчӣ дар зиндон бошад. Шер шер аст, гарчӣ дар дохили панҷара бошад. Кам нестанд соҳибкорон ва тоҷирони рубоҳсифате, ки ҳамеша ба нафъи кисаи худ кор карданд ва ҳазорҳо меъёр ва қонуни дохилӣ ва байналмилалиро поймол намуданд, аммо озоданд. Рубоҳ, рубоҳ аст, гарчи дар озодист. Зайд ҷавонмарди камбағалпарвар буд, ки ҷои ӯ зиндони торик нест, балки оғӯши гарми миллат аст.
Ӯ танҳо нест, агар танҳотарин танҳо шавад, боз ҳам Худо бо ӯст, агар тамоми мардум гургҳои ҳор шаванд ва ҳавлу кина бар сараш борад, боз ҳам Худо ҳаст, ӯ паноҳгоҳи ҳамаи бепаноҳиҳост.
М. АЛИЕВ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |