Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, моҳи сентябр ба Тоҷикистон меояд
Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, қарор аст, моҳи сентябри соли ҷорӣ барои иштирок дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) ба Тоҷикистон биёяд. Расонаҳои эронӣ менависанд, оқои Рӯҳонӣ дар ҷараёни ин сафараш бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мулоқоти хос анҷом дода, чанд санади нави ҳамкорӣ низ ба имзо хоҳад расонд.
Ҳамоиши навбатии сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзҳои 12 ва 13 сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мешавад. Ин созмон 13 соли пеш таъсис шуда, Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон узвияти онро доранд. Афғонистону Ҳиндустон ва Эрону Покистон кишварҳои нозир дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мебошанд.
Ҳасан Рӯҳонӣ тобистони соли гузашта ба курсии раёсати ҷумҳури Эрон нишаст ва дар ин мақом Маҳмуди Аҳмадинажодро иваз кард. Дар пайи пирӯзияш дар интихоботи Эрон мақомоти кившар гуфта буданд, Рӯҳонӣ ба Душанбе омада, дар маросими ба истифода додани чархаи дувуми нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”, яке аз тарҳҳои муҳими иқтисодии Эрон дар Тоҷикистон иштирок хоҳад кард. Вале ин сафар анҷом нашуда, баръакс, мавзӯи қарздории ширкати Барқи Тоҷик аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” расонаӣ гардид.
Чархаи дуюми “Сангтӯда-2” қарор буд дар ибтидои соли 2013 ба кор дарояд. Вале ба далели пурра омода набудани ин агрегат он ба таъхир гузошта шуд. Соҳибназарон мегӯянд, сабаби ба таъхир афтодани баҳрабардорӣ аз агрегати 2-и “Сангтӯда-2” метавонад, қарзҳои пардохтнашудаи ширкати “Барқи Тоҷик” аз ин нерӯгоҳ бошад.
Инчунин, бояд қайд намуд, ки баъд аз ба анҷом расидани ваколати дипломатии Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, ҳанӯз ҳам аз сӯи Теҳрон ба ин мақом касе таъин карда нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |