Оғози пардохти ҷарима барои “наҷосат”-и Ленин дар ҳаққи зиёиён
Нашрияи русзабони “Азия-Плюс” ва муҳаррири он -- Олга Тутубалина ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ба як гуруҳи зиёиён оғоз кардаанд. Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Олга Тутубалина, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт “Азия-Плюс” ва нафари таҳти ҳимояти ӯро муваззаф кардааст, то ҳар кадом, ба зиёиёни “ҷабрдида” 15 ҳазор сомонӣ диҳанд.
“Ба нашрия се моҳ муҳлат доданд, ки 15 ҳазор сомониро пардохт намояд. 4 июл ҳафтанома 5 ҳазор сомонии ҷаримаро пардохт намуд”,-афзуд ӯ. Ба қавли ин вакили мудофеъ, Тутубалина ба ҳайси шахси инфиродӣ барои пардохт кардани ҷаримааш фурсати бештаре доштааст.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 25 феврали соли ҷорӣ баҳси як гуруҳ аз зиёиёни тоҷик бо Олга Тутубалина, муаллифи матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции”-ро ба поён бурда, қарор кард, ки ин матлаб як навъ таҳқир дар ҳаққи зиёиён мебошад ва ӯву нашрия бояд 30 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунанд. Баъдан, 30 апрели соли ҷорӣ, Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми Додгоҳи Фирдавсии пойтахт дар бораи ҷаримаи “Азия-Плюс” ва муҳаррири онро бидуни тағйир боқӣ гузошт.
Олга Тутубалина дар матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции” (Нозиёиёна дар бораи зиёиён) бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд. Дар пайи ин, як гуруҳ аз зиёиёни кишвар, ки роҳбарияти Иттиҳодияи нависандагону Академияи улуми Тоҷикистон низ шомили он буданд, ба додгоҳ муроҷиат карда, ҷуброни зарари маънавӣ хостанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |