Ҷоизаи Сабрина Таваккалова дар озмуни “Маликаи баҳор-2014”
Сабрина Таваккалова, фориғуттаҳсили Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар озмуни зебоӣ ва эҷодии “Маликаи баҳор-2014” унвони “Маликаи ҷаззобият”-ро ба даст овардааст.
Озмуни “Маликаи баҳор-2014” дар чаҳорчӯби ҷашнвораи байналмилалии “Баҳори донишҷӯии кишварҳои ШОС (Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой)” рӯзи 6 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Читаи Русия баргузор гардид. Дар ин озмун намояндагони Русия, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Беларус ва Тоҷикистон иштирок доштаанд.
Барандаи аслии ин озмун Маргарита Паркиной, сокини шаҳри Саратови Русия эълон шуда, мақомҳои дигари ин ҷашнвора номҳои “Ҷаззобият”, “Инфиродӣ”, “Аҷобат”, “Дилрабоӣ” ва “Нозанин” ном доштанд.
Сабрина Таваккалова 24 сол дошта, ҳоло дар бахши иттилооти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ифои вазифа мекардааст. Ӯ бо Шабакаи телевизиони давлатии “Сафина” низ ҳамкорӣ доштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |