Дастгир шудани се додрас (судя) ва нигаронии раиси Шӯрои адлия
Зафар Азизов, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон, аз боздошти се додрас (судя) ба иттиҳоми порагирӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ хабар дода, гуфт, то ҳол ду нафари онҳо маҳкум шудаанд. Оқои Азизов, ки дар нишасти хабарии 7 июл дар Душанбе суҳбат мекард, даст ба фасоди молӣ задани додрасҳоро амали нанговар донист.
“Ин масъаларо мунтазам мавриди таҳлил қарор дода, пайваста таъкидҳо низ мекунем”,-баён дошт ӯ. Раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар идома афзуд, “агар даст ба коррупсия занем, ояндаи кишварро чӣ интизор аст? Давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон замоне дар вазъи ҳозираи Тоҷикистон қарор доштанд. Он замон додрасҳои ин давлатҳо 50 доллар маош мегирифтанд, вале баробари тараққиёти иқтисодиёташон ҳоло музди маошашон ба 14 ҳазор доллар расидааст. Аз ҳамин лиҳоз, бояд судяҳои мо ба шароити имрӯзаи Тоҷикистон нигоҳ карда, фаъолият намоянд. Кам будани музди меҳнат ба ҳеҷ кас ҳуқуқ надодааст, ки даст ба ҷиноят занад.”
Оқои Азизов дар ин суҳбаташ рақами мушаххасеро дар бораи маоши додрасҳо ба забон наовард, вале гуфт, моҳонаи онҳо дар муқоиса ба маоши кормандони тиб ва маориф зиёд аст.
Ӯ дар ин нишасти хабарӣ аз афзоиши ҳукмҳои сафед дар кишвар низ хабар дода, гуфт, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба 14 нафар ҳукми сафед содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон илова кард, “зиёд шудани ҳукмҳои сафед аз адолатпарварии додрасҳои кишвар дарак медиҳад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |