Номаи ҲНИТ ба Аҳмадзода ва дархости толор аз ҳукумат
Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои дарёфти толор ба хотири бузургдошти 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд нома фиристодааст.
Ин бахши Ҳизби наҳзати исломии кишвар, ки бинои дафтари он аз сӯи мақомот тахриб шудаву ҳоло қароргоҳи расмӣ надорад, мегӯяд, бахшида ба 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ мехоҳад, ҷашнеро баргузор ва аз бархе аҳли қалами тоҷик қадрдонӣ кунад. Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд, рӯзи 7 июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, номаи онҳо барои дарёфти толор имрӯз ирсол шудаааст.
Ӯ ибрози умедворӣ намуд, шаҳрдории Хуҷанд ба ин дархости онҳо, ки ба қадрдонӣ аз шоири барҷаста ва аҳли қалам бахшида шудааст, ҷавоби мусбат хоҳад дод. Ин дархости кумак ва умедворӣ аз посухи мусбати Ёқубов дар ҳолест, ки дафтари вилоятии ҲНИТ дар Суғд аз мақомот борҳо ба ингуна муроҷиати худ ҷавоби манфӣ гирифтааст.
Ахиран чунин посухеро дар арафаи ҷашни 17-солагии Рӯзи Ваҳдат низ дарёфт намуда буд. Ёқубов он замон гуфта буд, бахши вилоятии ҲНИТ бо ирсоли нома ба унвони раиси шаҳри Хуҷанд барои баргузории як чорабинияш бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ толор хост, вале ба гуфтаи ӯ, масъулин ба онҳо ҷавоби рад дода, гуфтаанд, "ба самъи Шумо расонида мешавад, ки тибқи барномаи қаблан тасдиқшудаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд як қатор чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ташрифи меҳмонҳо аз манотиқи гуногун ба шаҳр дар назар аст, бинобар ин дар санаҳои пеш аз ҷашнӣ ҷудо намудани толор ғайримкон аст."
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд. Мақомоти шаҳри Хуҷанд баъд аз зуҳри 18 июн ба вайрон кардани қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд шуруъ карданд. Ба қавли онҳо, бар асоси нақшаи куллии маркази вилояти Суғд бояд қароргоҳи ҲНИТ вайрон шуда, дар ҷояш кабудизор бунёд гардад.
Он замон Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ гуфта буд, намояндагони сохторҳои давлатӣ барои вайрон кардани бинои дафтари онҳо қарори раиси шаҳри Хуҷандро пешниҳод кардаанд. Дар ҳоле ки ба қавли вакили мудофеъ, Файзиннисо Воҳидова, ин кор танҳо бо қарори додгоҳ имконпазир аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |