Сайфулло Сафаров дар бораи "мансабхарӣ”, Александр Содиқов ва Сурия
Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, гузориши дафтари иқтисодии сафорати Амрико дар бораи “мансабхарӣ”-ро дахолат ба корҳои дохилии кишвар номид. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, иддаои сафорат дар бораи ба як кори маъмулӣ табдил шудани мансабхарӣ дар Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад.
Ҷаноби Сафаров, ки дар нишасти хабарии 7 июл дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, “агар чунин дахолати сафорати кишварҳои хориҷӣ ба умури дохилӣ бештар шавад, ба бесуботӣ оварда хоҳад расонд”. Дар ин замина ӯ аз “бинӣ халондан”-и кишварҳои хориҷӣ ба умури дохилии баъзе аз давлатҳои исломӣ ёдоварӣ намуда, натиҷаи онро “инқилобҳои баҳори арабӣ” донист.
Ҳафтаи гузашта Дафтари умури иқтисодии сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо нашри як гузориш тавсияҳои худро барои беҳбуди вазъи сармоягузорӣ дар кишвар ироа кард. Дар ин гузориши сафорати Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла омадааст, “фақиртарин кишвари пасошӯравӣ - Тоҷикистон бар асоси тамоми нишондодҳои иқтисодӣ аз ҳамсоякишварҳои худ ақиб мемонад. Дар ин кишвар ба сармоягузороне имкони фаъолият дода мешавад, ки коррупсия ва тамоми печдарпечии бюрократиро қабул дошта, робитаи наздик бо мақомҳои баланди давлатиро ба роҳ мондаанд.”
Дар идомаи гузориш таъкид шудааст, пастии маош кормандони давлатиро водор месозад, то барои рӯпуш кардани ниёзҳои худ роҳҳои дигар пулкоркуниро пайдо кунанд ва харидани мансабҳои давлатӣ дар ин кишвар ба як чизи маъмулӣ табдил ёфта, одатан онҳо барои боқӣ мондан дар курсӣ ба раҳбарияти худ ришва медиҳанд.
Сайфулло Сафаров дар ин нишасти хабарӣ, инчунин, ба масъалаи Александр Содиқов, пажӯҳишгари тоҷик, ки дар охири моҳи июни соли ҷорӣ ба гумони ҷосусӣ дар Хоруғ боздошт шуда буд, изҳори назар кард. Ӯ гуфт, танҳо додгоҳ ҷурми Содиқовро муайян карда, гунаҳкор ё бегуноҳ будани ӯро эълон хоҳад кард.
Муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар идома аз гароиши теъдоди зиёди ҷавонони тоҷик ба гуруҳҳои мамнӯи исломӣ изҳори ташвиш кард ва гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 200 сокини ҷавони кишвар дар ҳайати чунин гуруҳҳо дар Сурия қарор доранд. Ҷаноби Сафаров сабабҳои пайвастани ҷавонон ба чунин гуруҳҳоро “дур мондан аз мактаб” ва “мушкилоти иқтисодӣ” донист. “Ҳоло сари ин мавзӯъ тадқиқот гузаронда истодаем ва баъдан натиҷаашро пешниҳод хоҳем кард”,-афзуд ӯ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |