3 нафар афғони силоҳбадаст марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур намуда вориди деҳаи Зардолуаки ноҳия Шӯрообод шудаанд ва даст ба ғорату тороҷи амволи мардум задаанд.
Як манбаъ аз шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шӯрообод, ки нахост номаш ифшо шавад, ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, шаби 26-уми август «меҳмонон»-и нохонда аз он сӯи рӯди Ому ба манзили зисти як сокини рустои мазкур зада даромада, аз хонаи ӯ ба миқдори зиёд орду равғанро зӯран гирифта, ба Афғонистон бозпас гаштаанд.
Бо вуҷуди он ки кормандони мақомоти амният аз ин ҳодиса огоҳ шуданд ва ҳамон шаб ба ҷустуҷӯи қочоқчиён баромадаанд, вале афғонҳо ба таври оҷил аз марз гузаштаанд,- афзуд манбаъ.
Мӯҳр