Пайдо шудани ҷасади Абдуқаҳҳор Турсунов ва маросими дафни ӯ дар Понғоз

Ҷасади Абдуқаҳҳор Турсунов, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, баъд аз чиҳил рӯзи садама пайдо шудааст. Наздикони Турсунов гуфтанд, маросими дафни ӯ субҳи 6 июл дар зодгоҳаш - ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт баргузор хоҳад шуд.
Дар пайи садамае, ки 24 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Варзоб иттифоқ уфтоду мошин ба дарё сарозер шуд, Абдулҳақ Оев -- проректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва собиқ ноиби раиси шаҳри Душанбе дар умури роҳу нақлиёт, Абдуқаҳҳор Турсунов ва Облоқул Сангинов -- устодони ҳамин донишгоҳ ба ҳалокат расида буданд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ҳодиса гуфта буд, ин се нафар ҳамроҳ бо Кашуба Владимир, ноиби раиси Донишгоҳи техникии Братски Русия, дар мошинаи “ГАЗ-3102”, ки Умед Бақоев идора мекард, дар километри 47-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд, ба садама дучор мешаванд.
Ба қавли манбаъ, мошин ба дарёи Варзоб чаппа шуда, ду нафар аз мусофирон – Умед Бақоев ва Кашуба Владимир – ҷон ба саломат бурдаанд. Ҷасади Облоқул Сангинов (соли таваллуд 1955) ва Абдулҳақ Оев (соли таваллуд 1963) баъд аз як рӯзи ҳодиса дарёфт ва ба хок супурда шуда, аммо ҷустуҷӯи ҷасади Абдуқаҳҳор Турсунов (соли таваллуд 1961) қариб чиҳил рӯз идома кард.
Абдуқаҳҳор Турсунов солҳои зиёди умри худро барои тарбия ва парвариши шогирдон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон сарф карда, муовинати раиси донишгоҳ дар бахши илмро бар уҳда дошт. Ӯ соли 1960 дар рустои Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омада, соли 1982 Донишгоҳи политехникӣ ва соли 1986 Донишкадаи роҳу нақлиёти Маскавро хатм намудааст. Турсунов рисолаи номзадияшро соли 1990 дар шаҳри Тошканд ва рисолаи докторияшро соли 2003 дар Русия ҳимоя мекунад. Муаллифи бештар аз 200 мақолаи илмист.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |