Дастури Раҳмон барои санҷиши кормандони “Барқи Тоҷик”
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз раҳбарияти тозатаъини ширкати “Барқи Тоҷик” хостааст, тамоми кормандони ин ширкатро аз аттестатсия ё санҷиш гузаронда, сатҳи дониши онҳоро муайян бикунанд.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, ҳадаф аз аттестатсияи кормандони “Барқи Тоҷик”, инчунин, муайян намудани мувофиқати тахассусии кормандон ба вазифаҳои ишғолнамуда, санҷиши натиҷаҳои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, малака ва маҳорати касбии онҳо низ будааст.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, сифат ва самаранокии кори ширкати “Барқи Тоҷик” ва хусусан ҳолати иқтисодию молиявии ин ширкати бонуфуз бояд баланд бардошта шавад. Дар робита ба беҳтар кардани ҳолати молиявии “Барқи Тоҷик” Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, таваҷҷуҳи махсус ба фаъолияти роҳбарият ва кормандони раёсати фурӯши барқ зоҳир карда шавад, то ҳолатҳои номатлуб ба мисли азхудкунии ғайриқонунии маблағҳо, рӯйпӯш намудани дуздии муштариён, аз меъёрҳои маъмулӣ зиёд нишон додани талафоти технологию тиҷоратии нерӯи барқ аз миён бардошта шавад.
Рӯзи 5 июл, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, Аслиддини Гулмурод аз вазифаи раиси ширкати “Барқи Тоҷик” озод карда шуда, ба ҷои ӯ Рустами Мирзо, раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, таъин гардид. Инчунин, муовини аввал ва муовини раиси ширкати “Барқи Тоҷик” иваз карда шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |