05 июл 2014 12:04---
Танқиди додарарӯси президент аз сӯи Гулмаҳмадов: Ҷасорат ё ҷуғрофия?

Интиқоди раиси вилояти Хатлон аз як хеши наздики президент барои бисёриҳо ғайриинтизору боварнакарданӣ буд. Торнамои “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, дар матлабе, ки “Д.Гулмаҳмадов: “Оё Шумо арзандаи ин вазифа ҳастед?” ном дорад, навиштааст, Давлатшо Гулмаҳмадов баъд аз он ки “ҳисоботи шаҳрдори Қӯрғонтеппа -- Амирулло Асадулло ва дигар роҳбаронро дар ҳузури садҳо нафар сокинон шунид”, раиси шаҳр ва дигар роҳбаронро муваззаф намуд, камбудҳоро дар наздиктарин фурсат рафъ кунанд.
“Пеш аз нишастан дар пушти мизи корӣ бояд фикр кунед, ки оё Шумо арзандаи ин вазифа ҳастед ё не?”,- гуфтааст ӯ. Дар таҷрибаи чанд соли ахири Тоҷикистон дар ҳузури дигарон танқид кардани хешони раиси ҷумҳур ҳодисаи нодир маҳсуб мешавад.
Бино ба хабари торнамо, Давлатшо Гулмаҳмадов ба чанд мушкил дар шаҳри Қӯрғонтеппа ишора кардааст. “Аз суханҳои раиси шаҳр маълум шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар шаҳр зиёд аст. Аммо чаро андоз аз арзиши иловашуда иҷро нашуд, бароямон муаммост. Барои зиёд кардани андоз манбаъҳои зиёде дар шаҳр мавҷуданд. Мувофиқи ҳисоби мо, танҳо аз андози фурӯши сӯзишворӣ метавон 435 ҳазор сомонии иловагӣ ба буҷети шаҳр ворид кард. Агар ин манбаъҳо азхуд шаванд, метавонем кӯчаҳоро мумфарш намоем”,-афзудааст ӯ.
Раиси вилояти Хатлон аз бақияпулиҳои андоз ҳам нигаронӣ кардааст: “Ҳангоми санҷиши Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ тақсимоти ғайримақсаднок ё ғайриқонунии маблағҳои буҷет ошкор шуд. Ин чӣ гуна тарзи кор аст?!” Ҷаноби Гулмаҳмадов, ба дунбол аз иҷро нашудани кишти картошка, дар қиёс ба соли гузашта кам шудани содироти меваву сабзавот ба хориҷи кишвар ва раванди кунди супоридани ҳуҷҷатҳои хонандаҳои макотиби миёна ба Маркази миллии тестии назди президенти ҷумҳурӣ нигаронӣ кардааст. Ӯ сабаби ҳамаи мушкилоти иқтисодиро ба набудани барномаи рушди иҷтимоӣ – иқтисодии шаҳри Қӯрғонтеппа марбут дониста, зикр кардааст, ки дар маркази вилояте, ки 3 миллион аҳолӣ дорад, ягон мактаби замонавӣ нест.
Танқид аз кори Амирулло Асадулло, яке аз бародарони завҷаи Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки ӯ дар 5 моҳи пеш раиси шаҳри Қӯрғонтеппа таъин шуд. Аз он пештар 2 сол раисии ноҳияи Румиро бар дӯш дошт.
Зоҳиран, касе аз мансабдорон дар ҳузури одамони зиёд аз пайвандон ва хешони президент интиқод намекунад. Он чӣ Давлатшо Гулмаҳмадов кард, дар ҳоли ҳозир бесобиқа унвон мешавад. То имрӯз дар мавриди ба вазифаҳои масъул таъин шудани чанде аз фарзанд ва хешони президент хабарҳо нашр шудааст. Аммо дар ҳеч ҳолате онҳо аз сӯи раҳбари болотари худ ба ин шева – “пеш аз нишастан дар пушти мизи корӣ бояд фикр кунед, ки оё Шумо арзандаи ин вазифа ҳастед ё не” танқид нашудаанд.
Ҳоло дар мағзҳо ин андеша ҳам мечархад, ки интиқоди додарарӯси президент дар мазҳари ом “сенарияи таҳияшуда” аст ё анҷоми масъулияти як роҳбар? Дар ҳоле ки ҳеч раҳбаре “гурда”-и танқид кардани кори атрофиёни президентро надорад, ҷаноби Гулмаҳмадовро чӣ ба ин кор таҳрик дод: ҷасорат, масъулият ё ҷуғрофия?
Давлатшо Гулмаҳмадов 27 ноябри соли 2013 бо фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаи раиси шаҳри Турсунзода (аз соли 2010 дар ин курсӣ менишаст) озод шуда, худи ҳамон рӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон таъин гардид. Ӯ 10 январи соли 1961 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Фориғуттаҳсили Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошканд (ихтисосаш муҳандис-заминсоз) ва Академияи хизмати давлатии назди президенти Русия (ихтисосаш менеҷери идораи давлатӣ ва маҳаллӣ) мебошад. Номзади илмҳои иқтисодӣ аст.
Карйераи корияш соли 1987 дар ноҳияи Комсомолобод ба ҳайси сармуҳандис-заминсоз шурӯъ шуд. Дар мансабҳои раиси кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи Данғара, раиси кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлон, муовини Вазири ҳифзи табиат, раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозӣ кор кардааст. Солҳои 2001-2006 раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва то соли 2008 раҳбари Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ буд. То 2010 ҳамчун муовини раиси вилояти Суғд кор кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |