Баҳси вазъи минтақа дар суҳбати Зоҳидов бо Ҷим Болҷер
Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Ҷим Болҷер - фиристодаи махсуси сарвазири Зеландияи Нав дар Осиёи Марказӣ мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ, мулоқоти Зоҳидов бо Болҷер рӯзи 4 июл дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, вазъи кунунӣ дар минтақа ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Зеландияи Нав дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ташкилотҳои байналмилалӣ баррасӣ шудаанд.
Инчунин ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун иброз намуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |