Эшони Нуриддинҷон: "Бародар метавонад, ҳамсари бародари мурдаашро... бигирад"
Эшони Нуриддинҷон, руҳонии саршиноси тоҷик, никоҳ бо ҳамсари бародарро, ки вафот кардааст, раво хондааст.
Ин руҳонии тоҷик дар посух ба суоли Шаҳбоз – як корбари торнамои Тураҷон.Орг, ки “оё амаки ӯ баъд аз вафоти падараш метавонад, бо модараш издивоҷ кунад?” гуфтааст, “бародар метавонад, ҳамсари бародари вафоткардаашро баъди тамом шудани иддааш бигирад.”
Дар Тоҷикистон, ки аксари кулли сокинонаш мусулмонанд, издивоҷи як бародар бо ҳамсари бародараш, ки мурдааст, расм нест. Ҳарчанд бародарон муваззафанд, хонаводаи бесаробонмондаи бародари худро сарпарастӣ ё нигоҳбонӣ кунанд, аммо зани бародари мурдаашонро ба ҳамсарӣ қабул намекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |