Бахшҳо

Абдулқодирзода: “Дар сар саллаву дар тан ҷелаку... фаҳш... Хуни сарам то ҳол меҷӯшад” (САДО)

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон, аз сокинони кишвар хост, дар мубориза алайҳи “муллоҳо”-и ҷодугару фолбинҳо ба мақомот кумак кунанд. Ӯ рӯзи 4 июл дар намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “ҳар куҷо ҷодугару фолбин ё ба ном муллое дидед, ки зану хонаҳои мардумро ҳаром мекунанд, зудтар ба Маркази исломӣ ё Кумитаи дину мақомоти давлатӣ хабар диҳед.”

САДОИ АБДУЛҚОДИРЗОДА

Раиси Маркази исломии Тоҷикистон бетарафиро асоси бадбахтии инсон хонда, бо овардани ҳадисе аз паёмбар (с) таъкид дошт, ки ҳар кас дар баробар ҳақ хомӯш меистад, мисли шайтони гунг аст (Ас-сокиту ъанил ҳақ ка аш-шайтон ил-ахрасӣ): “Мову Шумо набояд дар ин бора худро бетараф гирем.”

Абдулқодирзода дар идома ибрози таассуф кард, ки дар ҷомеа бархе нафарон аз Ислом ва бесаводии мардум истифода карда, даст ба номуси занҳои дигарон дароз мекунанд: “Дар наворҳо ҳам тамошо кардем, ки чанд нафари ба ном мулло дар либоси руҳонӣ дохил шуда, дар сар саллаву дар тан ҷелаку риш мондагӣ чӣ корҳоеро анҷом медиҳанд?! Суистифода аз Ислому илми исломӣ ва бесаводии мардум карда, дар роҳи ҳарому ҳаромхурӣ мераванд. Чанде қабл қисмате аз навореро оварда нишон доданд, ки ҳоло ба намоиш гузошта нашудааст, хуни сарам то ҳол меҷӯшад.”

Ин даъвати раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии кишвар вақтҳои охир борҳо аз боздошти бархе нафарони ҷодугару ба ном “мулло” тавассути барномаҳои вижа аз тариқи шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ хабар медиҳад. Ин ниҳод шоми 3 июли соли ҷорӣ низ аз боздошти Бурҳониддин Асомуддинови 86-сола, сокини шаҳраки Гулшани ноҳияи Ашт ба иттиҳоми раво дидани амалҳои шаҳвонӣ нисбат ба занон хабар дода буд.

Ба иттилои манбаъ, гӯиё Асомуддинов солҳои тӯлонӣ худро “мулло Бурҳониддин” муррифӣ намуда, ҳангоми табобати духтарони ноболиғ ва занҳои безурёт ба номуси онҳо низ дастдарозӣ менамудааст. Манбаъ мегӯяд, “мулло Бурҳониддин” соҳиби 6 фарзанду беш аз 40 набераву абера буда, дар манзили зисти худ корафтодагонро қабул ва дуохониву табобат мекардааст.
Мӯҳр
Эшонча
Мо тарафдори суханони Эшони Сайидмукаррам. Муборизаро алайҳи “муллоҳо”-и ҷодугару фолбин, тумору таштобнависхо ва гарму хунук мекардагихо, пурзур кардан даркор.Худо ин фосиконро шармандаи харду олам кунад.

Абдувакил
Озодагони чун дар матн чумлаи хуни сарам мечушад нест ку.

Абдурраҳмон
Ман ин гузоришро дидам.
аммо ба як чиз ҳайронам. Дар гузориш одамони ба назди фолбину ҷодугарон равандаро "бесаводу гумроҳ" гуфтанд, ки ин сухан ҳақ аст. Мусалмони огоҳ медонад, ки рафтан ба назди ин типҳо инсонро аз доираи Ислом хориҷ мекунад, вале чаро худашон "огоҳона" дар гузоришҳо ин типҳоро ба Ислом рабт медиҳанд. Охир ин типҳо ба Ислом ҳеҷ рабте надоранд.

muhammad
Cалом ба ҳама!
Ин ҳадисе, ки ҷаноби муфтии дар нохунак зикр кардааст, ки "сокит аз баёни ҳақ, шайтони гунг аст" аввал ба худаш бармегардад, зеро имрӯз ҳазорҳо конуншиканию зери по кардани ҳуқуқи шаҳрвандон аз тарафи ҳукумат содир шуда ва мешавад, ва локин муфтии муҳтарам! то ҳол лаб боз накардаааст.
Худованд дар Қуръони мефармояд: "Оё мардумро ба кори нек фаро мехонед ва хештанро фаромуш мекунед, дар ҳоле ки шумо китобро тиловат мекунед мекунад, пас оё шумо ақл надоред". Ин оят агар чӣ дар шаъни яҳуд нозил шудаст, вақте, ки дигаронро ба пайравӣ аз Паёмбари гиромӣ фаро мехонданд, аммо худ пайравӣ намекарданд, ва локин ҳукми он ом ва шомили тамоми касонест, ки мардумро ба чизе даъват мекунанд, аммо худашон ба он амал намекарданд.
Хуб мешуд, ки ҷаноби муфти аввал худаш ба ин Ҳадиси Шариф амал мекард, баъд дигаронро ба амал ба он фаро мехонд.
ХУдованд ҳамаро ҳидоят кунад.

кози
Чаноби муфти бисёр хуб гуфтед ки шайтони гунг аст касе дар баробари хак хомуш бошаду бетараф бошад.
Акун шумо гуед, ки касе ки дар баробари манъ кардани хичоб хомуш меистад чи аст?
Касе ки дар баробари манъи чавонон аз рафтан ба масчид хомуш меисьад чи аст?
Касе ки дар баробари ришвахорон хомуш местад чи аст?
Касе ки дар баробари мансабфуруши хомуш меистад чи аст?
Касе ки дар мукобили зулм хомуш меистад чи аст?

Чаноби муфти хуб мешуд шумо камтарак худатон хам мефахмидед, ки хамкори бо касоне ки фасодро ошкоро ва ривоч медиханд чи гунохе аст. Агар вай фолбини аблах чикоре карда бошад дар хонааш кардааст, вале ин шайтонхое ки онро намоиш медиханд тарвичи фахшо мекунанд чи мешаванд? Оё инхо мисдоки "аллазина ташийъул фохишата" намешаванд? Хайр агар коре кардаст ба чавобгари кашида шавад, вале ин намоиш доданхо барои бад кардани ислом аст. Худат хам инро медони.

МУСЛИМ
ХУДОВАНД ГУЗАШТАГОНИ САИДМУКАРРАМРО РАХМАТУ МАХФИРАТ КУНАД ДОМУЛЛО ДАР ХАКИКАТ ШАХСИ БО ИЛМУ МУЪТАБАР МЕБОШАД СУХАНОНИ ДОМУЛО БА МАН ХЕЛЕ ТАЪСИРИ ДИНИЮ ТАРБИЯВИ РАСОНД.

САИДМУКАРРАМ. ИН НАМОИШРО ДАР АХБОР НИШОН ДОДАНД ВА ОН ГОХ БОЯД ОДАМИ МУТАССАДИИ ДИНУ ОИНИ ИСЛОМ БОЯД ДАР МАСЧИД МЕБУД, ЧЙ ХЕЛ ШУД КИ ТУ ОНРО ДИДЙ? Ё БО МАСЛИХАТИ ПЕШАКЙ ИН МУЙСАФЕДРО ШАРМАНДА КАРДЕД, ИМОНУ ИНСОФИ ШУМО КУЧОСТ?

Хами шмо муфтй ва хукумат дига кор надорен хар руз як мусафеда шарманда мекнен. малум ки телевизион ай шмоай неки у одамо кулух нестан. ай осмон наафтидан. хешу табор ва наздикон доран. хар руз офтов ба руи ту намеханда.

ДЕХКОН
МАН ХАЙРОНАМ . ЧИГУНА МАРДУМИ ШИНОХТА БАР НОХАК СУХАНЕРО БА МАРДУМ МЕГУЯНД КИ ХУД БА ОН АМАЛ НАМЕКУНАНД. ХАТМАН БЕ АСАР АСТ ХАРЧАНД ХУДИ СУХАН ХАК БОШАД . АВВАЛ БАР ХУДАТ БАР МЕГАРДАД ХАДИСИ ЗИКР ШУДА .

эрик
дар телевизион нишон медиханд,ки дигарон хам ёд гиранд, кормандони телевизиуни мухтарам шумо зану бача хохару модар надоред магар.Чашми кудакона ба хама чиз аз хурдсоли мекушоед.

дилшод
мегум хамин хадисе ки худаш дар бораи хомуши дар баробари хак овардааст худаш наметарсида бошд ки то имруз хомуширо интихоб намудааст ва хакикатро намегуяд?

Эй муфтичон! Чаро шумо Аллохро итоъат намекунед чаро кудаконро азмасчид рондед оё шумо аз вохури ба Аллох эмин мемонед чи посух медихед вакте Аллох шуморо суол кунад чаро бандагони манро аз омадан ба хонаи ман манъ карди? Чаро имруз занхои мо наметавонанд ба масчид раванд чаро духтарони мо бо сатр ба донишгоххо намемонанд? Ба ин суолхо назди чавоб хохи дод. Бовари дорам дар хамин дуньёхам хори залил мешави агар тавба накуни вой бар холи ту ки хакро руйпуш мекуни ба хотири як курси ва хак гуёнро аз минбар махрум карди.

Алӣ
Муфтӣ филма ҷоҳоеки шаран тамошо карданаш дуруст нест, тамошо кардай чӣ сараш ҷушидай.....
Бечора хай тамошо кардӣ намешавад яхеле гуики мардума нафаҳмоники ту тамошо кардаи...........
Ҳоли мардумам гуфта сарамон ҷушад ва ғайратамон ба ислом зиёд шавад ҳатман тамошо мекунанд.................

Абукуддус
чи тари муфтиай ки Исломи азизро пуштибони намекунад. И тари бадам не да. Мансаб мухим ё охират?

zanja_23
Чаноби Муфти мехохад чомеаро аз ин тоифа тоза кунад Бехтараш дар махалхо ба Муллохои махали ва занхои ки Курон хонда метавонанд таълими Куронро ба мардум рохнамо созад. рафтани мардуми мусалмон назди фолбину чодугар аз бесаводи аст. То вакти Муллохои суннатиро сарзаниш мекунанду намегузоранд ки шогирд гиранд, то мардум аз Ислом бохабар шаванд. Точикистон Давлат мардум хору зор мезавад..........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)