Бахшҳо

САДО: Интиқоди муфтӣ аз онҳое, ки 28 июн рӯза нагирифтаанд

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз тамоми онҳое, ки субҳи 28 июни соли ҷорӣ рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро нагирифтаанд, шадидан интиқод кард. Сайидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, аз рӯи масъулияташ аз ҳамаи онҳое, ки рӯзаи имсоларо субҳи 29 июн оғоз кардаанд, мехоҳад, баъд аз анҷоми ин моҳ як рӯз рӯзаи қазоӣ бигиранд.

САДОИ МУФТӢ

Бар асоси тақвиме, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон чоп кард, рӯзи аввали моҳи Рамазон 28 июн оғоз меёбад. Вале бисёре аз кишварҳои исломӣ рӯзаро субҳи 29 июн оғоз карданд ва бо пайравӣ аз онҳо гуруҳе аз сокинони кишвар низ рӯзадориро 29 шуруъ карданд.

Оқои Абдулқодирзода дар намози ҷумъаи 4 июл гуфт, тақвими моҳи шарифи Рамазонро як тӯда мардуми ғофил не, балки уламову коршиносон таҳия кардаанд ва бояд сокинон аз он пайравӣ намоянд. Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.

Аммо тайи чанд соли охир сокинони мусулмони Тоҷикистон дар оғози моҳи шарифи Рамазон ва таҷлили Иди Фитр дар чорроҳа мемонанд. Зеро бар асоси тақвиме, ки Шӯрои уламо таҳия мекунад, моҳи шарифи Рамазон ва ё Иди Фитр дар муқоиса ба кишварҳои дигари мусулмониву исломӣ як рӯз пештар ва ё қафотар меояд.
Мӯҳр
Абдурраҳмон
Соли Гузашата агар ёдатон бошад Арабистони Саудӣ, ки як рӯз аз мо дертар рӯза гирфта буданд, дар 29 рӯз бо мо ид карданд. Эрон ҳам баробари Сауди Рӯза гирифта буд, вале онҳо руъяти моҳро дар ҳудуди ғайри Эрон қабул накарданд, тибқи раъйи фуқаҳои мазҳаби худашон.

муаллим
аввал ин ки дидани хилоли мох бо чашми сар этибор дорад, хар шахсе ки тавачх намуд ва е шаходати муъминон ба дидани хилоли мох. онхам дар холеки шумо окоени шуро чандин руз пеш аз хилоли мох рузаи мохи шарифро муайан кардед ,ки хилофи ояи Курони Карим{Бакара-185} аст зеро китоби Худованд мефармояд :фаман шахида минкум-яъне хар касе бо чашм хилоли мохро бинад.
сониян бозхам бар асоси коидаи Курон дидани мох эътибор дорад ва шояд мохи рамазон 29 руз биеяд ,хамчуноне ки дар замони хаети Паембар с. Иттифок афтода буд.бар ин асос хеч далеле надорем ки мардумро ба казо кардан водор намойем.
хулоса аз ин казо гирифтанхо буйу ранги сиесат меояд,на хакикати дастури Паембар с.ки фармуданд :мохрор бинен руза гиред мохро дидед ид кунед агар хаво абри ва гирифта буд хисоби мохро комил кунед яъне 30руз кунед.

рузадор
ин маънон онро дорад ки мардуми точикистон шуморо хамчун раиси маркази исломи кабул надоранд зеро шумо лагандбардори хукуматед ва фатвои шумо барои рузи аввали рамазон тибки фармони хукуматихо бароварда шудааст на оёту аходис барои хамин сухани шумо вазн надоранд

sss
Хисоби сол аз "ИХЧАЗДАБУД" аст
агар дони туро бисёр суд аст
Хисоби мах "ЗАБИЧХАВОБДЕХЗОЧ"
агар дони нихандат окилон точ
агар хохи ки ёби ин хабарро
Мухаррам "З" бигиру "Б" Сафарро
Рабеон "Чим"-у "Хе" дон эй бародар
Чимодон "Вов" "Алиф" ту низ бингар
Рачаб "Б" омадасту "Дол" Шаъбон
Махи Руза "Хе"-ву Шаввол "Зе" дон
Зулкаъда "Алиф"-у Зулхичча "Чим" аст
Агар донад касе марди алим аст.
Хаминтавр солшумории хичрии камари хисоб карда мешавад, ки имсол соли 1435 мебошад.

Abdulloh
ҳамон тақвиме ки шумо омода кардед ҳамаатон дарбори лагандбардори Ҳукумат ҳастед чигуна мо аз шумо пайрави кунем?

Abdulloh, Ту ин тарз бахо надех бечора муфти мехохад ки тамоми кишрхои чомеа муттахид бошанд ва ба муфтиет итоат кунанд, бе ин хам муфти нагз медонад ки касоне ки як руз дер руза доштаанд, як руз дер идро кайд менамоянд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)