Бахшҳо
04 июл 2014 11:24Тоҷикистон / Сиёсат

Суҳбати Юсуфӣ ва Кавраков бо Александр ва муҳри махфии парвандаи ӯ

Абдуқаюм Юсуфӣ ва Ҳасан Кавраков, вакилони мудофеи Александр Содиқов, ки ба иттиҳоми ҷосусӣ боздошт гардидааст, рӯзи 3 июл бо нафари таҳти ҳимояти худ мулоқот кардаанд.

Ҳасан Кавраков, яке аз ҳомиёни Содиқов, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ба далели он ки тафтишот сирри махфист, ягон иттилоъ дода наметавонад. “Танҳо ҳаминро гуфта метавонам, ки бо Содиқов вохӯрӣ доштем”,-афзуд ӯ.

Мушарраф Содиқова, ҳамсари Александр Содиқов, мегӯяд, ин ду вакили мудофеъро хонаводаи онҳо кироя кардаанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, “ҳуқуқшиносе, ки аз ҷониби давлат барои ҳимоят аз ҳаққи Содиқов таъин шудааст, ба корҳои дигар овора аст”. “Зиёда аз як ҳафта мешавад, бо Зафар Расулов, ҳимоятгари давлатӣ, тамос гирифта наметавонам”,-гуфт дар суҳбати телефонӣ бо мо Мушарраф Содиқова.

Александр Содиқов баъд аз зуҳри 16 июни соли ҷорӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Ӯро замоне дастгир карданд, ки бо Алим Шерзамонов, раҳбари дафтари Ҳизби состиал-демократи Тоҷикистон дар маркази Бадахшон суҳбат мекард. Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте гуфт, Александр дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ будааст. Аммо худи Содиқов мегӯяд, бо фармоиши Донишгоҳи Эксетери Бритониё ба пажуҳиши масъалаи идораи низоъҳо дар Хоруғ машғул буд. То кунун даҳҳо Иттиҳодияи илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо пахши изҳорот аз Содиқов ҳамчун пажуҳишгар ҳимоят карда, хостори раҳоии ӯ шудаанд.
Мӯҳр
.
Ман хайронам, ки чаро доим суратхои САШАро бо хамсараш дар огушаш пахш менамоед. Ин зидди фарханги мо аст, ин чизхои махрамона хастанд. Илтимос бас кунед пропагандаи муносибатхои озодонаро. Бе ин хам чамъиятамон ба фахшу зинокори гутидааст.

Фотограф
Ту хайрон машав,ин факат сурати САША бо хамсараш хаст. Александр худаш комондироакада бурафтаги.

ин ду дилдода хеле хушбахт буданд, инро аз сурат мефахмед, вале феълан онхоро чудо кардаанд.

.
офтоб,

Афсона нагуй. Ин чо кинои хинди нест, делои чосуси мухокима мешавад.

Хонум Содиқова, ин соддагии тоҷиконаро тарк бикунед. Агар он адвокати ба ном давлатӣ ғами Александрро мехӯрд, худаш рӯзи дуввум ба наздатон омада, дар бораи қазия бо шумо ҳамсӯҳбат мешуд. Муфаттишон ҳеҷ гоҳ адвокатеро вобаста намекунанд, ки тафтишотро пешипо диҳад! Он тарафашро худатон таҳлил бикунед.

Dev
.,
Ogushgirii zanu mardi dar nikohbuda niz makulat nashud,in chi nigohest ? Ba fahshu zinokori gutidani jamiyati tu , hej aloka ba dustdoshtani mardu zani nikohi rabt nadorad! MOn ki oilaho hamdigarro dust dorand, hurmat kunand to farzandoni solimu bafahm ba dunjo oyad...

ТОЧИКИ ТОЧДОР
Суратро дидам... Яке симои руси ва дигаре симои турки - узбаки дорад... Хамон ду симо, хамон ду миллате, ки душманони точики сарсахтанд... Хамононе, ки точикро аз заминхои зархезаш махру Бухорову Самарканд махрум кардаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)