ДИИШ бузургтарин чоҳи нафти Сурияро ба даст овард

Ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” (ДИИШ) бузургтарини майдони нафти Сурияро таҳти идораи худ даровардаанд.
Ба қавли Идораи назорати ҳуқуқи башари Сурия, ҷангҷӯёни ДИИШ рӯзи 3 июл замоне соҳиби ин манбаи нафт шудаанд, ки неруҳои ҳаракати Ҷабҳа ан-Нусра, як шохаи ал-Қоида бидуни муқобилият ин минтақаро тарк карданд.
Ин майдони нафти Сурия, ки аз он “ал-Умр” ном бурда мешавад, дар вилояти Дейр аз-Зур, дар марз бо Ироқ ҷойгир аст ва яке аз бузургтарин чоҳҳои нефти ин кишвар маҳсуб мешавад.
Давлати исломии Ироқ ва Шом созмони мусаллаҳи мавсуф ба террористӣ аст, ки зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият карда, ҳадафи аъзои он гӯиё ташкили Хилофати исломӣ дар ин минтақа ва татбиқи шариати дини Ислом аст. Он беш аз 15 ҳазор ҷанговар дошта, раҳбари он Абӯбакр Бағдодӣ мебошад.
Ахиран Бағдодӣ дар пайи ҳамлаҳои зиёди мусаллаҳонаи ҷангҷӯёнаш, ки мунҷар ба забти қаламравҳои бузурги минтақаҳои суннишини Ироқу Сурия то кунун гардид, рӯзи аввали моҳи Рамазон аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дода, худро халифаи мусулмонон эълон кардааст. Ба гуфтаи ҷангҷӯёни ДИИШ, онҳо то ҳол шаҳрҳои Мавсил ва Тикрити Ироқро таҳти тасарруфи худ қарор дода, ҷанговарони он қасди ғасби Бағдодро доранд. Инчунин контроли гузаргоҳи аслии марзии миёни Ироқ ва Сурияро дар ихтиёр дошта, шаҳри Абӯ Камоли Сурия, ҳаммарзи Ироқро низ ғазб кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |