Қонеъ шудани даъвои "ҷабрдидаи таҷовуз" аз болои Шӯҳрат Қудратов
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе баҳси Моҳира Бобораҷабова, “ҷабрдида”-и таҷовуз дар парвандаи Зайд Саидов, бо вакили мудофеъ -- Шуҳрат Қудратовро ба нафъи аввалӣ ҳал кардааст. Хонум Бобораҷабова дар аризаи шикоятии худ ба додгоҳ гуфта буд, Қудратов шаъну шарафи ӯро паст зада, бояд 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардозад.
Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, ба “Озодагон” гуфт, то ҳол Бахтиёр Абураҳмонзода, додраси ноҳияи Фирдавсӣ, нусхаи қарорро надодааст ва намедонад, ӯ дар кадом асос муҷрим шинохта шуда, ба миқдори чанд сомонӣ ҷарима шудааст. Номбурда иброз дошт, мурофиаҳои додгоҳӣ бе ҳузури ӯ сурат гирифта ва ӯ аз болои додрас Абдураҳмонзода ба Шӯрои адлия шикоят бурдааст: “Бо сабабҳои узрнок дар мурофиа иштирок карда натавонистам ва додрасро низ огоҳ карда будам. Додрас Бахтиёр Абдураҳмонзода рӯзи 19 июни соли ҷорӣ бе иштироки ман мурофиаро гузаронда ҳалномаро қабул кардааст. Барои гирифтани нусхаи қарор наздаш рафтам, додрас гуфт, ҳалномаро бо почта ба суроғаи ман фиристодааст. То ҳол ҳалномаро ба даст нагирифтаам.”
Соли гузашта бо даъвои Моҳира ва Гулнора Бобораҷабоваҳо Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон алайҳи Зайд Саидов "барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ва ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан" парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда буд ва ҳатто иддао пеш гузошт, ки “ҷабрдида” аз Зайд Саидов соҳиби фарзанд мебошад. Аммо баъдан ташхиси ДНК ин иддаоро рад кард ва додгоҳ парвандаро барои тафтишоти иловагӣ бозгардонд. Номи Моҳира Бобораҷабова баъд аз он расонаӣ шуд, ки тобистони соли гузашта аксҳои ӯ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шуданд. Дар ин аксҳо Моҳира Бобоаҷабова баъд аз рӯбарӯкунӣ бо Зайд Саидов аз Боздоштгоҳи муваққатӣ берун мерафт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |