“Ҳомиён”-и туркӣ баъд аз 2 соли мамнӯият дубора ба фурӯш баромад
Фурӯши филми туркии “Ҳомиён”, ки бо қаҳрамонҳои худ – Наҷиб-сардору Йигит маъруф буд ва ду соли пеш тарҷума ва тавзеъ (паҳн кардан)-и он дар Тоҷикистон мамнуъ гардид, аз сар гирифта шудааст. Ин филм аз тарафи студияи “Ҳамсадо” ба забони тоҷикӣ дубора тарҷума ва ба нуқтаҳои дискфурӯшии Тоҷикистон роҳ ёфтааст.
Фурӯши “Ҳомиён” моҳи майи соли 2012 дар баробари “Пайроҳаи тақдир”, “Мисли Юсуф”, “Хаёлҳои сабз” ва “Водии гургон”, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон тавонистаанд, бинандаи худро пайдо кунанд, аз сӯи Муассисаи давлатии кино ва видеои “Тоҷиккино” манъ карда шуд. Он вақт мақомот гуфта буданд, дар филмҳои мазкур саҳнаҳои таблиғи зӯроварӣ, терроризм ва ифротгароӣ ҷой дорад ва бинандаи аслии онҳо наврасону кӯдакони тоҷик мебошанд, ки ба осонӣ зери таъсири амалҳои ғайриахлоқӣ дар ин филмҳо мемонанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон теъдоди зиёди филмҳои туркӣ, аз ҷумла Садбарги сиёҳ, Ҳикмати зиндагӣ, Дили захмдор, ба тоҷикӣ тарҷума ва рӯзҳои чоршанбеву шанбе ба фурӯш бароварда мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |