Бахшҳо
04 июл 2014 09:11Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҳабси “мулло”-и 86-сола ба гумони дастдарозӣ ба номуси духтарон

Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, Бурҳониддин Асомуддинови 86-сола, сокини шаҳраки Гулшани ноҳияи Аштро, ба иттиҳоми раво дидани амалҳои шаҳвонӣ нисбат ба занон боздошт кардаанд.

Ин ниҳод шоми 3 июл дар барномаи “Ахбор”-и Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон эълон кард, Асомуддинов солҳои тӯлонӣ худро “мулло Бурҳониддин” муррифӣ намуда, ҳангоми табобати духтарони ноболиғ ва занҳои безурёт ба номуси онҳо низ дастдарозӣ менамудааст. Манбаъ мегӯяд, “мулло Бурҳониддин” соҳиби 6 фарзанду беш аз 40 набераву абера буда, дар манзили зисти худ корафтодагонро қабул ва дуохониву табобат мекардааст.

Бар асоси иттилои ВКД, “дастгиршуда аз оҷизиву нодонӣ ва нотавонии мизоҷон истифода бурда, духтарони ба балоғат нарасида ва занҳоеро, ки ҳомила намешудаанд, гӯиё табобат, аммо дар асл бо онҳо муносибати шаҳвонӣ мекард. Барои он ки мизоҷонаш ба ӯ бовар кунанд, ӯ китобҳои зиёди диниро, ки бо ҳуруфи арабиянд, ҷамъоварӣ карда, аз онҳо истифода мекардааст. Аммо дар асл худи ӯ ягон ҳарферо намедонаду намешиносад.”

Худи Бурҳониддин Асомуддинов дар ин барномаи телевизионӣ гуфт, аз кори кардааш пушаймон буда, тавба кардааст ва чӣ кор карданашро худаш низ надонистааст. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳангоми азназаргузаронӣ аз манзили зисти Бурҳониддин Асомуддинов 130 акси онҳоеро, ки ба назди номбурда меомадаанд, дарёфт кардаанд, ки ӯ бо истифода аз акс ва бо гирифтани маблағ аз мизоҷон амалҳои шаҳвониро анҷом медодааст.

Ҳоло алайҳи Бурҳониддин Асомиддинов бар асоси моддаҳои 247 ва 147-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, ӯ дар ҳабси пешакист.
Мӯҳр
Наход дар асри ххi зинадги карда ханузам назди мулло равед? Магар бар асари шамолхурдаги ё худ дигар иллатхо фарзандор нашуданро мулло табобат карда метавонад? Акунун бубинед, ки сафи оилахои вайрон боз чи кадар зиёд мешавад! Албата аз хисоби он оилахое, ки занхояшон назди ин мулло рафтаанд.

пыва
Дуруги навбати. Агар тули солхои дароз хамин корро мекард, чаро танхо хозир фош кардед? Барои он ки аз боло фармон шуд мусулмоноро бадном кунед? Ое хамон 86 сола муйсафеда хамон олоташ кор мекарда бошад, ки уро руйсиех карданиед?

инсоф
хайр бас будагист акнун, каме дар бораи обрӯи миллат ҳам фикр кунед. О ҳамон занҳои аҳмақро кӣ мегуяд. ки назди ҳар маҳраму номаҳрам раванд ва баъдан кӣ оҷиз аст он занҳое, ки дар синну соли репродуктивӣ ҳастанд ва ё ин муйсафеди 86 сола ??? Бо муаррифии қишри муайяни миллат бо чунин тарзу шева шумо онро деградатсия мекунед масъулин. Инсоф намоед.

Вайс
Ё Аллох, дар панохат нигах дар.
Наход муллои 86 сола чунин фосику Худозада бошад? хайр агар чунин хам бошад занхои ба назди ин фосик мерафтаги чи? Магар онхо гумроханд, ё дониста ба он чо мераванд? Ман фикр мекунам ки худи занхо гунахгоранд. Агар зан нахохад касе наметавонад ба у даст дароз кунад, ба хусус муйсафеди 86 сола. Агар вай фосик ба васвасаи шайтон даромада бошад пас занхо ба васвасаи ки даромаданд. солхои тулони... зиёда аз 130 акси онхо... чаро касе аз онхо ин фосикро ошкор накард???? может это своеобразный публичный дом для женщин

Дуруг хам ба эбаш. Мантажкардаро руяш дар ин дунёву он дунё сих аст. Мумкин, боз мегуям мумкин у набераашро ба огуш гирифта бошад. Мантаж кори шантажашро карда, муйсафедро дар байни мардум шарманда кард. Сабур бош бобои Бурхониддин. Ту мишен шудй. Ин сиёх кардани ХНИТ аст. Дар кабинетхои кормандони ХХДТ агар камера монанд, хуш аз саратон мепарад.

Naj
Чаро ба мансабдороне, ки духтарони душизаро истифодаи шаҳвонӣ мебаранд ва инҳо аз вазифа ва пулу молашон истифода мебаранд ва духтарони миллатаро бешарму беҳаё мекунанд касе гап намезанад, на вазорати дохила ва на озодагон. Ҳама мардум медонад, ки кадом мансабдор чӣ хел ҳаёти бисёр духтарони душизаро ва шояд ...-ро барбод додааст. Агар он мансабу пулу моли аз он бадастовардааш намешуд ин корро карда наметавонист. Ё барои инҳо мумкин-ми? Ё инҳоро гап зада наметавонед-ми? Мард ҳамеша мард аст, хонашеру майдонғирб намешавад.

Чаро ки дар расонахои кишвархои ѓарби маняк бо гунохи зинокориву куштор дастгир шавад, "чинояти дар холати шиддати бемори" ё "состояния аффекта" гуфта мухокимаву мурофиа мекунанд. Вале дар Точикистон ин манякхо, ки ошкор шуданд, хатман бо "мулло" ё "табиб" муаррифи карда мешаванд. Касе фикр мекунад, ки охир одами солимро хато аз нигох кардан ба махрумиятхои каси дигар ѓаш ва шармаш меояд. Пас инхо хама манякхои бадбахтгаштаанд ва бояд мутобиќ ба Кодекси чинои мучозот шаванд.

ИНСО . Дар асул ту нинсон нести гапатро хуб фикур кун баьдан сухан бигу онхоеки ин коро мекунан онхо муло нестан онхо монанди ту инсони пасте хастанд ... ин ВКД мехохад исломро бадном кунад амо наметавонандчун ки ин ислом сохиб дорад . Чаро он муалимеки да нохияи Рудаки ба 3 талабаи мактаб (писар) расид да ТВ нишон намедиханд

ВКД исломро паст намезанад хакашро мегуяд ОЕ ПЕШИ ФАСОДОНРО грифтан аз исломи нозанин нест магар? имруз е пас фардо мансабдоронрохам мебинем окои Рамазон Рахимов ахсан ба шумо ки пеши ин фохишаву зинокоронро мегиред Худовад рахмат карда бошад падару модаратро

Дуругу тухматхам заминиаш хуб, наход муйсафеди 86 сола ба ин корхо кодир бошад. Аз нигохи тибхам хандаовар......

Гарибалди
Ин аъмоли сиёсатмадорони бедониш нохуб аст.Акалан тарки телевизион нишон надихед.Ин аъмолхоро баъдан васоити ахбори оммаи насронию яхуду будоию хинду нишон дода ангезаи на танхо зиддиисломи балки зиддиточикиро хам дар Гарб ва хам 54 кишвари исломи таквият мебахшад.Наход муборизони интихоботи соли 2015 хамин аксиомаро,ки исбот талаб намекунад нафахмед.Бекли ва дури аз сиёсат хам андоз дорад охир.

Шахноза.
Э вое хаму муйсафуди пиронсола аклан чака нашавен. Равен чодугарора капен... Шмо кай мулора ай чодугар фарк мекнен???

Инсоф
тач_ишан,
Аввал манзурамро як маротиба дурусттар хону баъдан чунин хулоса барор, ман масъулинро дар назар дорам, ки бо паҳни чунин навор обруи миллатро мерезонанд, фаҳмидӣ ? Бесаводи калтадум ва сониян агар дар навиштаат манро дар назар дошта бошӣ унин ҷавобат медиҳам: паст туӣ, ки як чизро нохонда ба маънояш сарфаҳм норафта шарҳ менависӣ. Тамом.

Саид Саидов
инсоф,
инсоф,

БАРОДАР 86 СОЛА ОДАМ ЯГОНЧОЯШ ОБОД КОР НАМЕКУНАД БОЗ БА НОМУСИ ДУХТАРОН ДАСТ МЕЗАДАСТ, КАМТАР МАРДУМА ТАХКИРУ ТУХМАТ КУНЕД, О ТИБ ХАТТО ИСБОТ МЕКУНАД, КИ ДАР ИН СИНУ СОЛ МАРДА МАРДИАШ ВА ЗАНА ЗАНИАШ НАМЕМОНАД!!

А-а
Шахноза., Дилакат ба муйсафед сухт чи? ё ту хам дар он чо буди?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)