Паёми Раҳмон ба Обама, “Ҷаноби Олӣ” ва ҷашни Истиқлол
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи чоруми июл бо ирсоли паёми шодбошӣ ба Барак Обама, ҳамтои амрикоияш, ӯву сокинони Иёлоти Муттаҳидаро ба ҷашни истиқлоли ин кишвар табрик гуфтааст.
Оқои Раҳмон дар номаи худ ба Обама “Ҷаноби Олӣ” хитоб карда, таъкид намудааст, ки “Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро бо Амрико яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад.” Дар номаи Эмомалӣ Раҳмон омадааст, Душанбе ба рушди муносибатҳои худ бо Вошингтон таваҷҷуҳи хос дорад ва ҷонибдори инкишофи ҳар чӣ бештари онҳо дар арсаҳои гуногун аст. “Итминон дорем, тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ ва, хусусан, тиҷоративу иқтисодӣ ба пояҳои баландтар бардошта хоҳанд шуд”,-омадааст дар нома.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон нақши Амрико дар муносибатҳои созанда дар минтақаи Осиёи Марказиро низ чашмрас дониста, афзудааст, “умедворем, кишвари Шумо, бо назардошти хуруҷи нерӯҳои эътилофӣ аз Афғонистон, минбаъд низ, ба масъалаи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир хоҳад кард. Дар ин рӯзи саид ба ҷаноби Президент сиҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Амрико хушрӯзӣ ва саодат орзумандам.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |