Бахшҳо
03 июл 2014 12:21Тоҷикистон / Сиёсат

Таърифи раиси Бадахшон аз ходимони дин ва интиқоди депутатҳо

Шодихон Ҷамшед, раиси Бадахшон дар Маҷлиси навбатии вакилони халқи вилоят аз бефаъолиятии намояндагони мардум дар қазияи 21-уми майи Хоруғ интиқод намудааст.

Раиси Бадахшон дар хитоб ба вакилони халқ гуфтааст, дар пайи ҳодисаҳои ахири Хоруғ дар баробари талафоти ҷонӣ ба хоҷагии вилоят 11 миллион сомонӣ зарарӣ моддӣ расонда шудааст: “Он касоне, ки дар ин кори нангин даст доштанд аз дигар ҷо наомадаанд, онҳо фарзандани мо буданд.”

Тибқи иттилои сомонаи “Импулс” Шодихон Ҷамшед изҳори тааҷҷуб кардааст, ки “шумо, вакилони халқ, ки аз мардуми вилоят намояндагӣ мекунед, дар халли мушкилоти халқ саҳми назаррас нагузоштед. Аз дигар манотиқи кишвар ва берун аз он, аз Русия одамон омада барои ҳалли қазияи Хоруғ кӯмак мерасонанд, аммо 69 нафар вакилон халқ дар куҷоянд? Ин воқеъаҳои дирӯзу имрӯз нестанд. Ин воқеъаҳое ки ду сол боз давом ёфта истодаанд. Тамошобин набошед. Кор то дараҷаи оташ задани манзили зист расид. Як чизро фаромӯш насозед, ки агар чунин бетарафу хомӯш бошед, аланга ба хонаи шумо низ мерасад. Баъд чӣ мешавад?”

Шодихони Ҷамшед илова намудааст, таъмири биноҳои харобкардаи Хоруғро роҳбарияти ҷумҳурӣ ба уҳда гирифтааст: “Вазифаи мою шумо танҳо таъмини амният аст.”

Шодихон Ҷамшед ҳушдор додааст, ки “дар интихоботи навбатӣ ба фаъолияти намояндагони халқ баҳогузорӣ хоҳад шуд ва муайян карда мешавад, ки оё баъзе аз вакилон ҳуқуқи маънавии намояндаи халқ буданро доранд ё не? Инро хуб дарк кунед. Ин ба баъзе кормандони ҳокимияти давлатӣ низ дахл дорад.”

Раиси Бадахшон ходимони дини вилояти Бадахшонро мисоли ибрат хондааст, ки дар муътадилсозии вазъи Хоруғ саҳми назаррас гузоштаанд: “Аз ин кори ходимони дин роҳбарияти кишвар низ огоҳанд ва онро хуш пазируфтанд.”

Шодихон Ҷамшед илова кардааст, ки дар шаш моҳи фаъолияти корияш барояш маълум шуд, ки кӣ-кӣ аст: “Барои ҳамин нисбати касоне ки аз рӯи адолат амал намекунанд, чора андешида мешавад. Хизматчии давлатӣ бояд хизматгузори давлат бошад, сиёсати давлатро пеш барад, на гурӯҳу ҳизби алоҳидаро.”
Мӯҳр
.
Ин Шодихон мегуи аз сайераи дигар ба Точикистон омада бошад. Кадом вакт дар Точикистон ягон депутат мардуми буд?

рвар
Шодихон Чамшед раиси вилоят аст, на президент. Подстава накнеш бо ЧО ай кор суруш накна.

Хизматчии давлатӣ бояд хизматгузори давлат бошад, сиёсати давлатро пеш барад, на гурӯҳу ҳизби алоҳидаро.” Ne janobi Shodikhon, khizmatchii davlati boyad khizmatgori khalq boshad na davlat. Khalq andozsuporanda hast na davlat... Shumo khudaton davlatdoron yagon hisi manavi dored?

ДЕХКОН
ДАР ТОЧИКИСТОН МУТААССИФОНА КАМ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИЕ ДИДА МЕШАВАД КИ ПОЯИ КОРАШ НАЛАНГАД. ШОДИХОН ЧАМШЕД ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИ БОЯД СОДИКОНА ХИЗМАТГОРИ МАРДУМ БОШАД НА ХИЗМАТГОРИ ДАВЛАТ . ХАТО КАРДЕД . ВА СИЕСАТИ ДАВЛАТ РО ПЕШ БАРАД БО ХАДАФИ САДОКАТ , МАНФИАТ ВА ХИЗМАТ БА ХАЛКИ ТОЧИК НА БА ДАВЛАТ . ВА АГАР МАНФИАТИ ХАЛК РО БА ВОСИТАИ ЯГОН ГУРУХ Ё ХИЗБИ РАСМИ ВА СИЁСИИ ДАВЛАТ БИНАД ЧИАРО КИ ДАСТ ГИРИ НАКУНАД ? МАГАР МАРДУМ ОЗОД НЕСТАНД ? Ё ТО ЛАБИ ГУР БОЯД ОН КОРЕРО БИКУНАНД КИ БА ДА ДАВЛАТ ДОРОНИ АЛОХИДА МУФИД БОШАД ! ХАР ЯК ШАХРВАНДИ ТОЧИК БОЯД ОЗОДИ ВА ХАКИИ ИНТИХОБИ РОХ РО ЭХСОС КУНАД . ОН ВАКТ АСТ КИ БУИ РУШД ВА ПЕШРАФТ ДАР МАШОМИ ХАМА ПАЙДО ХОХАД ШУД . НА ИН КИ МИСЛИ ЧУПОН БО ОВОЗУ ЧУБ МАРДУМРО ХАЙ ХАЙ ГУФТ !

852
Ягона одаме ки гапи роста гуфтааст 100% дуруст!

Бадахшони
Ин хел намояндахо ки ягон бор бо кори куча омода набуданду, намефахмиданд,- дар хонаи худашон бакор намеоянд,намедонем чи тавр интихоб шуданд. Барои Шумо бояд маълум будагист ки 22.07.2012 онхо куштори халки точикро тамошо карданду ба хонахои худ гурехтанд ва телефонхои мобилии худро хомуш намуданд ва занхои худро вазифадор намуданд ки онхоро пурсанд гуё дар хона нестанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)