Кумаки роҳбарияти Суғд ба ҷабрдидагони садама дар Айнӣ
Раъно Маҳмудзода, муовини раиси вилояти Суғд, аз хонаводаҳои мотамзадаи ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ, ки дар пайи садамаи нақлиётии рўзи 26-уми июн наздиконашонро аз даст додаанд, дидан кардааст.
Тибқи иттилои мақомоти Суғд Маҳмудзода ба хонаводаи 7 нафари фавтида дар баробари ҳамдардӣ инчунин кўмакпулӣ ва маводи ғизоиро ироа кардааст.
Ёдрас мекунем, ки 26-уми июни соли равон, тахминан соатҳои 11:00, ронандаи нақлиёти тамғаи «Тойота-Раф», Акрамҷон Ҷўраеви 29-сола, сокини ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар заминҳои хоҷагии деҳоти «Исқобод», аз ўҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи «Зарафшон» чаппа шудааст. Дар натиҷа ронандаи ин нақлиёт Акрамҷон Ҷўраев ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ шудааст.
Мусофиронаш- Моҳида Ҷўраева, соли таваллудаш 1958, Саёҳат Қурбонова, соли таваллудаш 1951, Гулбибӣ Расулова, соли таваллудаш 1957, Зулайхо Мавлонова, соли таваллудаш 1947, Гуландом Тоатова, соли таваллудаш 1948, Рисолат Ҷўрақулова, соли таваллудаш 1950 ва ноболиғ Шоҳонаи Ҷумъагул, соли таваллудаш 2007, хонандаи синфи 1-уми мактаби миёна, ки ҳамаи онҳо сокинони ноҳияи Айнӣ буданд, ба ҳалокат расида буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |