Обуҳавошиносон: Баъди чангу ғубор Тоҷикистонро боз гармӣ интизор аст
Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд то охири ҳафтаи равон дар бархе аз навоҳии Тоҷикистон ҳавои тира ва хокбориш боқӣ мемонад.
Парвина Сайидҷамолова, мудири шўъбаи пешгўии обуҳавои Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, дар пайи баландшавии ҳарорати ҳаво, ки аз 28 июн то 1 июл сурат гирифт, ҷумҳуриро чангу ғубор фаро гирифт: “Бо ворид шудани мавҷи ҳавои гарм аз самти ҷануб фазои Тоҷикистонро аз 2 июл чангу ғубор фаро гирифт, ки он то 4 июл боқӣ мемонад. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво пасттар фаромада, шабона аз 18 то 23 дараҷа ва рӯзона бошад 30-35 дараҷа гарм мешавад.”
Парвина Сайидҷамолова, афзуд, ки аз 5 то 10 июл ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ баланд гардида, дар вилояти Хатлон шабона 22-27 дараҷа ва рӯзона 36-41 дараҷа, вилояти Суғд шабона 15-20, рӯзона 35-40 дараҷа, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе шабона 18-20 ва рӯзона 38-39 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |