Масъулини «Тоҷиктрансгаз» дар сўҳбат бо «Озодагон» қимматшавии гази ўзбекиро асоснок номиданд. Ба гуфтаи манбаъ, нархи газ соли дуюм аст, ки бо талаби кишвари интиқолдиҳанда, аз рўи формулаи байналмилалии нарх, барои ҳар семоҳа муайян мешавад. Дар семоҳаи ҷорӣ нархи газ, дар натиҷаи гароншавии арзиши нафт боло рафтааст.
Сарчашмаи хабар афзуд, ҳангоми нархгузории газ асосан арзиши мазуту газанол ба инобат гирифта мешавад, ки ҳар дуяшон ҳам қиммат шудаанд.
Манбаъ мегўяд, дар ҳоли ҳозир харидуфурўши газ миёни Тоҷикистону Ўзбекистон аз рўи пешпардохт сурат гирифта истодааст. Дар доираи созишномаи дутарафа, имсол дар назар аст, Тоҷикистон аз Ўзбекистон 180 миллион метри мукааб гази табиӣ харад.
Масъулини «Тоҷиктрансгаз» таъкид мекунанд, ки хариду фурўши газ дар доираи шартнома идома дорад.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |