Раиси Q-Net: Хеши Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳастам...(ВИДЕО)
Сайҳомид Маҳмудов, директори ширкати баҳсбарангези Q-Net (Кю Нет) дар Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ӯ хеши Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аст.
Маҳмудов имрӯз, 2-юми июл дар доираи як ҳамоиш ба “Озодагон” тасдиқ намуд, ки бо Убайдуллоев пайванди хешу таборӣ дорад, вале ӯ ҳимояту пуштибонии раиси Душанберо аз ширкати Q-Net қатъиян рад кард: “Ин овозаҳо, ки гӯиё Убайдуллоев пуштибони Q-Net аст, хато мебошад. Ӯ то рӯзҳои наздик ҳатто намедонист, ки чунин ширкат дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ё на? Намедонист, ки ман дар ин ширкат кор мекунам. Гӯем, ки умуман дар бораи Q-Net фаҳмиш надорад, дуруст аст. Ахиран худам камубеш ба ӯ иттилоъ додам...”
Маҳмудов таъкид намуд, ки аз оғози фаъолияти Q-Net дар Тоҷикистон, ки соли 2006-ум буд, ӯ дар ин ширкат кор намекард: "Ман соли 2008 ба ин ширкат пайвастам. Худам дар вазорати адлия кор мекардам ва собиқ корманди тафтишот ҳастам. Қаллобиро фарқ мекунам. Ин ширкатро то омадани ман ҳам Оҷонсӣ ва додситонӣ тафтиш карда, хулоса доданд, ки ягон қонуншиканӣ надорад. Ин ширкат ниёз ба пуштибон надорад. Вақте фаъолияти дуруст мекунед, ниёз ба пуштибон нест."
ВИДЕОИ ПОСУХИ САЙҲОМИД МАҲМУДОВ БА СУОЛИ ОЗОДАГОН
Маҳмудов илова намуд, ки Q-Net барои Тоҷикистон манфиатовар аст, чун ҳамасола худи ширкат 60 ҳазор сомонӣ андоз месупорад: “Он намояндагони мустақиле, ки дорем, онҳо ҳамчун соҳибкори алоҳида фаъолият доранд ва андози алоҳида месупоранд. 60 ҳазор сомониро танҳо Q-Net месупорад.”
Фаъолияти Q-Net баъди барррасӣ дар барномаи “Баҳси имрӯз” дар Радиои “Имрӯз” вирди забон гардид. Орзу Исоев муҷрии “Баҳси имрӯз”, ки ҳамарӯза аз соати ҳафти субҳ то даҳи рӯз мустақиман пахш мешавад, фаъолияти ширкати “Кю-Нет”-ро ба баҳс кашид ва зимни барнома бисёре аз муштариёни ширкат онро мавриди интиқод қарор доданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |