Бахшҳо
02 июл 2014 10:02Хабарҳои ҷаҳон

Таъхири эълони натоиҷи интихобот ва сафари Зиёулҳақ Амрихел ба Лондон

Эълон натоиҷи ибтидоии даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон, ки қарор буд, имрӯз 2 июл сурат гирад, ба таъхир афтод.

Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон сабаби ба таъхир афтодани натоиҷи ибтидоиро баррасӣ ва бозшумории орои ду ҳазор макони овоздиҳӣ арзёбӣ кардааст.

Нурмуҳаммад Нур, сухангӯи Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ин ниҳод ба хотири шаффофияти бештари раванди интихобот орои бархе аз маконҳои раъйдиҳиро дубора мешуморад. Ба гуфтаи Нур, ҳоло санаи дақиқи эълони натоиҷи интихоботи кишвараш маълум нест. Дар ҳоле ки Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури амалкунандаи Афғонистон мегӯяд, баъди панҷ рӯзи Иди Фитр курсияшро ба ихтиёри президенти нав мегузораду ба қавли ӯ, дар ибтидои моҳи августи соли ҷорӣ маҳфили савгандёдкунии президенти нави кишвараш баргузор хоҳад шуд.

Ситоди интихоботии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон аз таъхири эълони натоиҷи интихобот ба далели бозшумории оро истиқбол карда, тими интихоботии рақиби ӯ - Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай гуфтааст, ин иқдом онҳоро хушҳол насохт.

Таъхири эълони натоиҷи интихобти Афғонистон дар ҳолест, ки доктор Абдуллоҳ ба далели сурат гирифтани тақаллубкории густурда ва бетаваҷҷуҳии мақомоти зиррабти кишвараш нисбат ба шикоятҳои ситоди интихоботии ӯ ҳамкории гуруҳаш бо кумисюнҳои интихоботии кишварашро қатъ кардааст. Ӯ аз намояндагони худ дар Кумисюни марказӣ ва вилоятии интихоботии Афғонистон давъат карда буд, ҳамкорӣ бо ин ниҳодро қатъ кунанду ба ситодҳояшон баргарданд. Ба гуфтаи Абдуллоҳ, то ба дархости онҳо ҷавоби мусбат дода нашавад, ҳамкории худро идома нахоҳанд дод.

Даврии дуюми интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон рӯзи 14 июни соли ҷорӣ баргузор шуда, дар он ду номзад - доктор Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки дар даври аввал мувофиқан 43,7 ва 33,8 дарсади раъйро ба даст оварда буданд, вориди рақобат шуданд. Оқои Абдуллоҳ як рӯз баъд аз баргузории интихобот мақоми баландпояи Кумисюни интихоботи кишварашро ба тақаллубкорӣ муттаҳам кард. Ӯ гуфта буд, Зиёулҳаққ Амирхел, раҳбари дастгоҳи иҷроияи Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон талош кардааст, то варақаҳои истифоданашудаи раъйдиҳиро аз дафтари марказии ин кумисюн ба самти номаълуме интиқол диҳад. Абдуллоҳ аз мақомоти қудратии кишвараш хост, то Зиёулҳаққ Амирхел боздошт шуда, аз мақомаш барканор шавад.

Аз сӯи дигар, Ислоҳот ва ҳамгироӣ, тими интихоботии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи 22 июни соли ҷорӣ дар пайи як нишасти хабарӣ қисмате аз суҳбати телефонии Зиёулҳаққ Амрихел, раиси дастгоҳи иҷроияи Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистонро пахш карда, гуфта буд, ӯ дар ин тамоси телефониаш бо бархе аз аъзои тими Ашрафғанӣ Аҳмадзай суҳбат мекунад.

Зиёулҳаққ Амрихел дар пайи пофишории зиёди ҳаводорони доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва тими интихоботии ӯ аз мақомаш канор рафта, гуфт, гӯиё ин иқдомро ба хотири манофеи миллии кишвараш гирифтааст. Каме баъдтар расонаҳои хабарии афғонӣ иттилоъ доданд, ки оқои Амрихел ҳамроҳ бо хонаводааш ин кишварро ба қасди Имороти Муттаҳидаи Араб тарк кардааст. Як манбаъ аз Куимсюни интихоботи ин кишвар бидуни бурдани номаш дар суҳбат бо Тулуъ Нюз гуфтааст, Зиёулҳақ Амрихел ҳамрои хонаводааш озими Лондон шудааст.


Дар акс: Зиёулҳақ Амрихел
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)