Суҳбати Кабирӣ бо фаъолони калонтарин гуруҳи фейсбукӣ дар Тоҷикистон
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон бо корбарони гуруҳи фейсбукии “Платформа” имрӯз, 2-юми июл суҳбати вертуалӣ анҷом медиҳад.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” ин хабарро таъйид карда, гуфт, суҳбати вертуалии Муҳиддин Кабирӣ дар пайи дархости батакрори корбарони гуруҳи “Платформа” ташкил шудааст. Ба гуфтаи Файзраҳмонов, суолу ҷавоби раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби умдаи мухолифи кишвар бо корбарони “Палтаформа” рӯзи 2 июл соати 15:00 дар худи саҳифаи ин гуруҳ оғоз мешавад.
Ин суҳбати Муҳиддин Кабирӣ бо корбарони фаъоли Фейсбук дар ҳоле баргузор мешавад, ки вақтҳои охир пайравони ҲНИТ аз афзоиши фишор болои худ шикоят доранду дар бархе манотиқи кишвар дари дафтарҳои ин ҳизб аз сӯи мақомот муҳр зада шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |