Эрон хостори таълими хатти форсӣ дар макотиби Тоҷикистон шуд
Эрон интизори иҷозаи ҳукумати Тоҷикистон аст, то тариқи Бунёди Саъдӣ дар макотиб ва донишгоҳҳои Тоҷикистон таълими хатти форсиро роҳандозӣ кунад.
Муҳаммадризо Дарбандӣ, муовини мудири Бунёд дар умури байналмилалӣ дар суҳбат бо расонаҳои эронӣ гуфтааст, дар сурати дарёфти иҷоза курсҳои таълими хатти форсӣ дар муассисоти таълимии Тоҷикистон ояндаи наздик оғоз хоҳанд шуд: “Хатти форсӣ дар Тоҷикистон хеле муҳим аст, чун аксари китобҳо дар ин кишвар ба ҳуруфи кириллӣ навишта шудаанд. “
Дарбандӣ бо зикри кишвари форсизабон будани Тоҷикистон таъкид намудааст, ки хатти форсӣ дастрасии шаҳрвандонро ба нусхаҳои асли адабиёту забони форсӣ таъмин мекунад.
Ӯ афзудааст, ки дар ин робита талош мекунанд бо ҳукумати Тоҷикистон ба созиш оянд. Дарбандӣ аз таваҷҷуҳи хориҷиёни дигар ба хатти форсӣ, аз ҷумла олимону донишҷӯёни ҳинду суҳбат карда, афзудааст, ки бунёдашон ба шавқмандон кӯмак хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон бозгашт аз ҳуруфи кириллӣ ба хатти форсӣ солҳост, ки ба як баҳси доғ табдил ёфтааст. Қаблан Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар ҳоли ҳозир мухолифи бозгашт ба хатти форсӣ аст.
Саидов таъкид кард, ки гузаштаро ҳатман омӯхтан ва дар хотир гирифтан лозим, чунки ин хотираи инсон мебошад, шахсе, ки гузаштаро намеомӯзад ва хотира надорад манқурт мебошад.
Вазири маориф мегӯяд, ӯ тарафдори он ҳаст, ки дар мактабҳо «Алифбои ниёгон» ҷиддӣ тадрис карда шаваду ҳар як зиёии тоҷик хати форсӣ-араби асосро донад ва таҳқиқоти илмӣ барад: «Лекин аз ҷиҳати иқтисодӣ дар ҷомеаи мо гузаштан ба хатти форсӣ ба манфиати мо намебошад».
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |