Сӯхтори шабона дар бозор ва терминали марказии Ёвон

Нисфи шаби 30-юми июн ба 1-уми июл терминал ва бозори марказии ноҳияи Ёвонро сӯхтор фаро гирифтааст.
Манобеи “Озодагон” мегӯянд, дар пайи сӯхтор ҳадди ақал 33 дӯкон хароб шуда, садҳо ҳазор сомонӣ хисорот ворид гардидааст.
Қумриддин Ҷурахонов, мудири бозори “Тиҷорат” дар шарҳи қазия ба “Озодагон” гуфт, сӯхтор аз дохили яке аз нуқтаҳои асъори терминали Ёвон сар задааст ва зарари асосиро низ нуқтаҳои терминал дидаанд: “Посбонҳои мо гуфтанд сӯхтор аз дохили яке аз нуқтаҳои асъор сар задаст. Аз бозори мо танҳо се нуқтаи савдо пурра оташ гирифтанд, ки ин як дукони қолин ва ду дорухона мебошанд. Боқимонда нуқтаҳои сӯхтаи фурӯши ғизо ва асъор ба терминал дахл доранд”.
Ҷурахонов илова намуд, ки ба ҷои ҳодиса мошини сӯхторхомушкунӣ аз ноҳияи Ёвон, Норак ва Рӯдакӣ ҳозир шуда, давоми 3 соат сӯхторро хомӯш карданд.
Манобеи “Озодагон” мегӯянд, бе кӯмаки сокинони маҳаллӣ ва тоҷирон, ки сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, зарари сӯхтор метавонист ба маротиб зиёд бошад. Ашуралӣ яке аз савдогарони бозори “Тиҷорат” гуфт, бисёри онҳо сари вақт борҳои худро аз дохили бозор берун карда, зараре надиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |